Дар доираи сафари вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ба Давлати Қатар санаи 3 феврали соли 2019 ӯ бо вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру дидору гуфтушунид анҷом дода, байни ҷонибҳо оид ба танзими қувваи корӣ дар Қатар созишнома ба имзо расид.

Тибқи ин созишнома, Қатар розӣ шуд муҳоҷирони кории тоҷикро қабул намояд. Созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатии тарафҳо эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон тавассути муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони Қатар ба роҳ монда мешавад.

Корҷӯёни тоҷик оё хоҳиши сафар ва кор дар ин кишварро доранд? Бо кадом шарту шароитҳо онҳо омодаанд ба Қатар барои кор раванд?

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.