Дар дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии анҷоми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» доир гардид.

Шоҳҷоизаи фестивали “Парасту-2019” ба спектакли “Фирдавсӣ”-и  Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дода шуд. Намоиш аз рӯи романи ҳамноми Сотим Улуғзода таҳия шуда, басаҳнагузорандаи он Султон Усмонов мебошад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

1/28

Ба ҷойҳои аввали фестивал операи “Хусрав ва Ширин”-и Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ва спектакли “Қорӣ Ишкамба”-и Театри шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова аз рӯи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” сазовор дониста шуданд.

Ба ҷойҳои дуюм спектакли “Тартюф”-и Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва спектакли «Вақте ки кӯҳҳо суқут мекунанд…»-и Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз рӯйи асари нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов соҳиб шуданд. Басаҳнагузорандаи намоиш Нозим Меликов аст.

Театри ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барои спектакли “Карим-девона” ва Театри ҷавонони Хуҷанд барои спектакли “Дили модар” ба зинаҳои сеюми фестивал шарафёб гардиданд.

Шогун Давлатбекова, ҳунарманди Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ва Марина Ярмолик аз Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский беҳтарин иҷрокунандагони нақшҳои занона дониста шуданд.

Хуршед Мустафоев, боз як ҳунарманди Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона эътироф гардид.

Ба унвони беҳтарин коргардони фестивал Нозим Меликов аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов сазовор дониста шуд.

Қобили аст, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 18 театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, пешниҳоди ҳакамони озмун ва тамошобинон намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.