Пас аз бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба ҳаракати нақлиёт аз ду самт бо ин масир иҷоза дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли селфароиву сангреза то ҳол боқӣ мемонад.

“Айни замон роҳ пурра аз сангрезаву кӯпораҳои фаромада тоза карда шуда, техникаи роҳнигоҳдорӣ ба кори худ идома медиҳад. Лекин бар асари боришоти зиёд, аз ҷумла боридани барф дар баъзе қитъаҳо, хавфи селфароиву тарма аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш дорем, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд”, - иброз дошт котиби матбутии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар масофаи ҳар ду километр кормандони ширкат ҳузур дошта, ба тозакунии роҳ ва кумак ба ронадагону мусофирон дар сурати зарурат омодаанд.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари боришоти шиддатноки борону барф, ки ба селфароиву лағжиши кӯҳпора ва сангреза боис гардид, аз дирӯз баста шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои селфароиву лағжиши кӯҳпора ва сангреза дар дигар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш ва роҳҳои вилояти Суғд низ ба қайд гирифта шудааст.

Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои минтақаи кӯҳистони кишвар худдорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.