Ба як гурӯҳи кормандони соҳаи хоҷагии об дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози соли 2019 музди меҳнат пардохт намешавад, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи ба унвони Asia-Plus фиристодаи онҳо.
Дар муроҷиатнома онҳо изҳор мекунанд, ки ба гузашт кардан аз музди меҳнати соли гузашта розӣ буда, дархост доранд, ки ҳадди ақал маоши имсоларо диҳанд.
“Бигзор ҳукуматдорон дарк кунанд, ки ҳар кадоме аз мо оилаву фарзандон дошта, онҳоро хӯрондану пӯшондан, таҳсилашонро таъмин кардан ва боз дигар мушкилоти рӯзгорро ҳал кардан лозим аст. Чӣ кор кунем, вақте ки як тин ҳам пардохт намекунанд”, - навиштаанд онҳо.
Дар дафтари асосии кории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон далелҳои дар муроҷиатнома овардаро тасдиқ намуданд.
Яке аз кормандони Агентӣ изҳор намуд, ки бо сабаби мавҷуд набудани маблағгузории мутамарказ, аз 1 январи соли 2019 ба ҳамаи агентӣ маош пардохт намешавад. Ба гуфтаи коргарони “Хоҷагии об” (Водхоз), мушкили пардохт нашудани музди меҳнат дар Агентӣ аз замони таъсисёбиаш вуҷуд дошт.
Музди меҳнати миёнаи кормандони Агентӣ тақрибан 600 сомониро ташкил дода, дар минтақаҳо он моҳҳо пардохт намешавад. Танҳо дар мавсими обёрӣ кормандони идораҳои маҳаллии хоҷагии об ба саҳро баромада, барои обёрӣ пул мегиранд. Маблағҳои гирифта бисёр вақт ба сифати музди меҳнат дода мешавад. Роҳбарони хоҷагиҳои оби маҳаллӣ бо истифода аз техникаи дар ихтиёр доштаашон (экскаватор, трактор, ядак (притсеп) ва ғайра) воситаҳои пулӣ ба даст оварда, худу кормандонашонро бо маош таъмин мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, худи Агентӣ ба мушкилиҳои зиёд дар фаъолият дучор буда, директори Агентӣ Холмурод Раҳмон ҳанӯз ду сол қабл изҳор намуда буд, ки барои барқарор намудани тамоми низоми обёрии Тоҷикистон на камтар аз 750 млн. доллар маблағ зарур аст.

Айни замон беш аз 280 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон бо ёрии 492 пойгоҳҳои обкашӣ ва 79 заҳбуру ҷоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, ки барои интиқоли 1 метри мукааби об 0.275 кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунанд.
Бинобар сабаби имкон надоштан ба пардохти маблағи оби истифодашуда, хоҷагиҳои об ҳамагӣ 77%-и маблағро барои хизматрасониашон ҷамъоварӣ карда тавонистаанд.
Ин ҳолат ба қарздории Агентӣ назди энергетикҳо оварда расонидааст. Дар навбати худ, қарзи истифодабарандагони об аз Агентӣ беш аз 122 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Замони нашри хабар аз Агентӣ хабар доданд, ки дар ҳукумати кишвар ваъда додаанд, ки мушкили пардохт нашудани маошро ба кормандони хоҷагиҳои об дар рӯзҳои наздик ҳаллу фасл мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста