Тавре огоҳем, шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон гардидаанд. Имрӯз мушоҳида менамоем, ки ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолона аз шабакаи Instagram истифода мебаранд, ки  аз хизматрасонии босифати шабакаи мазкур барои интиқоли аксҳо ва видеоҳо дарак медиҳад.

Мувофиқи мушоҳидаҳои мо ба Instagram асосан афроди машҳур ва блогерҳо дохил мешаванд. Ва тасмим гирифтем бо он нафароне, ки дар ин шабака фаъоланд, сӯҳбати ихтисосӣ дошта бошем.

Инак мусоҳиби навбатии мо корбари фаъоли Instagram, моделер ва ровӣ Нилуфари Сарбоз мебошад.  Нилуфари Сарбоз низ асрори муваффақияташро дар ин шабака дар ҳамарӯза инъикос кардани ҷузъиёти зиндагӣ, махсусан фаъолияти кориаш медонад. Ӯ ҳам яке аз фаъолони ин шабака буда, бештар  аз 150 ҳазор обуначӣ дорад.


- Чанд сол мешавад, ки корбари Инстаграм ҳастед?

- Аз соли 2015 дар шабакаи Инстаграм аъзо ҳастам. Кор дар ин шабака хеле роҳату дастрас аст, ки метавонем акс ва видеои худро ба осонӣ ҷо кунем.


- Шумо бештар аз 150 ҳазор обуначӣ доред, лутфан бигӯед, ки чандтояш ё худ чанд фоизи онҳоро худатон даъват ба дӯст шудан кардаед?

- Бояд бигӯям, аз шумори дӯстоне, ки дар ин шабака дорам, танҳо 64 нафарашонро худам қабул кардаам ва боқимонда худашон ба саҳифаи ман аъзо гаштанд. 


- Дар Инстагарм бештар кадом навъи видео ва аксҳои худро мегузоред?

- Асосан саҳифаҳои иҷтимоии ман барои матраҳ кардани кору фаъолияти эҷодиям ҳастанд. Кӯшиш мекунам дар бораи фаъолияти эҷодиам ҳар чӣ бештар видео ва аксҳоеро гузорам, ки ҳамчун модел наворбардорӣ шудаанд. Аз рекламаҳои баромадам бошад, хеле кам дар саҳифаам ҷо мекунам. Бояд бигӯям, ки ба саҳифаам диққати зиёд медиҳам, то ҷиддияти корам маълум бошад.


- Дар баробари фаъол будан дар Instаgram Шумо дар саҳифаатон молҳои ширкатҳои бонуфузро низ реклама мекунед ва суол ин аст, ки чӣ гуна реклама мегиред ва арзишашон чанд аст?

- Молҳоеро, ки барои реклама кардан ба ман пешниҳод мекунанд, на ман, балки дӯстам продюсер Баҳриддини Сабур нархгузорӣ мекунад. Чун аз сабаби вақт надоштан, наметавонам бо ҳар ширкат маслиҳати молӣ дошта бошам. Ҳамчунин бояд бигӯям, ки нархи муайяне барои пахш шудани реклама надорам ва аз маҳсулоти (видео ё акс) пешниҳодшудаи ширкат нархгузорӣ мешавад.


- Нилуфар расман дар куҷо кор мекунад?

- Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият дошта, унвони ҳарбиям лейтенанти калон аст.


- Кор кардан дар ин ниҳод бароятон ҳамчун зан мушкил нест?

- Дар Вазорати корҳои дохилӣ кор кардан бароям шараф аст, ки дар баробари мардон сина сипар карда, барои ҳимояи Ватан фаъолият мекунам.


- То имрӯз ба кадом давлати дунё сафар кардаед?

- Фикр мекунам тамоми дунёро сафар кардам, ғайр аз Амрико. Ба мамолики Араб, Осиёи Миёна, Аврупо...


- Аз чӣ тарс доред?

- Тарс аз он дорам, ки наздикону пайвандони худро аз даст диҳам. Чун дар зиндагӣ наздиконамро зиёд аз даст додаам ва хеле ҳарос дорам.


- Идеали шумо дар зиндагӣ кист?

- То имрӯз фикр накардам, ки нафаре идеали ман бошад.


- Оиладор ҳастед?

- То ҳол оиладор нестам ва фикр мекунам дар интихоби ҳамсар бояд саросема нашавам.


- Нақшаҳои шумо дар оянда?

- Нақшаҳои зиёде дар зиндагӣ дорам. Ба хаёлам баъзеи онҳо амалӣ шуда истодаанд. Як сирро ба дӯсторон ва хонандагони “Азия-Плюс мекушоям, ки тасмим гирифтаам бо ҳунармандони ҳамсоякишвар Ӯзбекистон филмеро дар ягҷоягӣ ба навор гирифта, манзури тамошобинон гардонем.

1/12

Маълумотнома:

Нилуфар 24 сол дорад ва дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Модараш омӯзгор ва падараш соҳибкор мебошанд. Дар оила панҷ фарзанданд. Дар мактаби миёнаи № 60-и пойтахт таҳсил намуда, факултаи филологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намудааст.

Нилуфар, ки соҳаи филологияро хатм кардааст, фаъолияти корияшро аз соли 2013 дар идораи сиёсии Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, муддате дар шабакаи Сафина низ ахбори Вазорати корҳои дохилиро мехонд. Айни замон ҳам бо шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам бо радио ҳамкорӣ дорад.