Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил оид ба дастовардҳои Барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва барномаҳои он “Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил” дар давоми панҷ соли охир дар Тоҷикистон чорабинӣ баргузор кард. Чорабинӣ ба саҳми Ҳукумати ИМА дар паст кардани ҳолатҳои бемории сил ва фавт аз он дар кишвар бахшида буд.

Дар чорабинӣ Директори иҷроияи USAID дар Тоҷикистон, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва хусусии ҳифзи саломатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, кормандони тиб ва собиқ беморони сил аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон иштирок намуданд.

Барномаҳои USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳандозии Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро бо пешниҳоди усулҳои нисбатан самаранок ва дастраси табобат, ташхис ва пешгирии бемории сил дастгирӣ намудаанд.

Ҳадафи асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил бо маблағи 13,2 миллион долл. ИМА ва Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил бо маблағи 3,1 миллион долл. ИМА кам кардани бори вазнини бемории сил дар Тоҷикистон ва пешгирии шаклҳои ба дорувори зиёд устувори сил мебошад.

Дар давоми панҷ соли охир дар доираи фаъолияти Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил 860 ҳазор нафар аҳолӣ аз тамоми ҷамоатҳои кишвар бо маълумоти асосӣ оид ба беморӣ, муоинаи тиббӣ ва табобату дастгирӣ фаро гирифта шуданд.

Илова бар ин наздики 3500 кормандони тиб ва кормандони иҷтимоӣ бо усулҳои навтарини пешгирӣ ва табобати бемории сил, ки бодарназардошти ниёзҳои бемор асос ёфтаанд, омӯзонида шуданд.

Барномаҳо инчунин Системаи электронии бақайдгирии беморони силро ҷорӣ сохт. Системаи мазкур воситаи пурқудрате барои кормандони тиб ва роҳбарияти муассисаҳо мебошад, ки акнун тавассути он маълумоти аниқу бехаторо оид ба бемории сил бо харҷи камтарин ҷамъоварӣ карда, ҳолатӣ бемориро дар кишвар арзёбӣ менамояд, то хизматрасониҳоро оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил дар Тоҷикистон беҳтар гардонанд.

Дар чил ноҳияи кишвар, ки 70 фоизи умумии кишварро ташкил медиҳад, тартиби нави табобати кӯтоҳмуддат бо дорувории нав дастрас гардид. Аз моҳи декабри соли 2016 то анҷоми нимсолаи аввали соли 2019 Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил зиёда аз 500 нафар беморро бо тартиби мазкур ба табобат фаро гирифта, алҳол зиёда аз 100 нафар комилан шифо ёфта, муолиҷаи беморони боқимонда идома дорад.

Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил ва Лоиҳаи даъват ба мубориза бар зидди бемории сил намунаи дигари дастгирии Ҳукумати ИМА аст, ки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои беҳтаргардонии саломатии шаҳрвандони кишвари мо фаъолият мебарад.

USAID яке аз оҷонсиҳои пешрави Ҳукумати ИМА аст, ки барои хотима бахшидани камбизоатии шадид дар ҷаҳон фаъолият мебарад ва ба ҷомеаҳои демократии устувор барои амалигардонии иқтидорашон кӯмак мерасонад.

Кӯмакҳои грантииUSAID ба Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 30 миллион долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 30 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ равона шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.