АНОНС

- Дар Душанбе дар мавзӯи “Аҳамияти ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” конфронс баргузор мешавад;

- Дар Маҷористон (Венгрия) Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (гребля на байдарках и каноэ) идома дорад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд;

- Дар Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба навъҳои варзиш дар об байни наврасон оғоз мегардад. Ҳайати Тоҷикистон аз 4 нафар шиновар иборат аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6825 сомонӣ;

1 евро – 10.7514 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1450 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Дар ИҶШС омӯзишгоҳҳои суворовӣ таъсис дода шуд.

1930 – Анҷумани нахустини сартосарии забоншиносони Тоҷикистон баргузор шуд.

1979 – Дар шаҳри Душанбе сокини 500-ҳазор нафара ба дунё омад.

1990 – Дар Боулдэр (ИМА) чойхона ифтитоҳ шуд, ки душанбегиҳо ба сифати туҳфа ба ин бародаршаҳр тақдим намуданд

1879 – Зодрӯзи эроншиноси рус, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Александр Фрейман.

1913-1997 – Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шаҳодат Сиддиқова.

1941 – Зодрӯзи журналисти тоҷик, доктори улуми филологӣ пофессор Абдусаттор Нуралиев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 22 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.