Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ва шарикони рушди ҷумҳурӣ ба ВМКБ афзуда, ҳоло бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони вилоят тариқи барномаҳои гуногун ба вилоят мабалғҳои калон ворид мегарданд.

Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст, ки асосан бо бунёду таҷдиди инфрасохтор алоқаманд мебошад.

Ҳоло дар вилоят бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони зиёда аз 54 нишооти хурду бузурги варзишӣ дар ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ ҷараён дошта, аксарияти иншоотҳои иҷтимоии вилоят дар давраи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят сохтмони театри миллӣ аз соли 2016 идома дошта, ба ҳолати имрӯза маблағи корҳои иҷрогардида 15 миллиону 226 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Ин ишооти муҳими фарҳангӣ дар майдони 0, 54 га сохта мешавад.

Ҳамзамон, баҳри коҳиш додани эҳтиёҷоти мардуми шаҳр ба манзили зист бо иқдоми Ҳукумати кишвар аз соли 2017 сохтмони ду бинои 12 -ошёна идома дорад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва омодагӣ ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли ҷорӣ маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кўдакон “Мадагаскар-Памир” дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид. Моҳи июни соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши хусусӣ дар дохили бинои тиҷоратии “Памир Плаза” маркази дилхушии кўдакон “Аладдин” ба истифода дода шуд.

Дар шаҳри Хоруғ баҳри пиёда намудани хизматрасонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон марҳила ба марҳила шароити мусоид бо маблағҳои маҳаллӣ ва бахши хусусӣ фароҳам гардида истодаанд. Ҷиҳати ҷалби сайёҳон ба ҳунарҳои мардумии тоҷикони Бадахшон рушди ҳунари дастии бонувон аз ҷумла, ҷўроббофию, тоқидўзӣ ва мўҳрабофию кандакорӣ рушди ҳамаҷонибаро пайдо намуда, имрўзҳо 71 нафар ҳунармандони моҳир ба эҳё намудани ин ҳунарҳо машғуланд.

Дар шаҳри Хоруғ барои сайёҳон 11 адад ширкатҳои сайёҳӣ аз ҷумла, Ассосиатсияи сайёҳӣ-экологии Помир, Тур Де -Памир, Бадахшон-Травел, Де-Памирӣ, Ассотсиатсияи ронандагони “Сафар”, “Помир Лоҷ”, инчунин меҳмонхонаҳои “Де - Памирӣ”, “Помир-Лодҷ”, “Бадахшон-Травел” ва меҳмонхонаҳои замонавии “Серена”, “Лаъл”, “Кивекас” ва “Памир Плас”ба сайёҳони дохилию хориҷӣ бо сатҳи хизматрасонии лозимӣ шароит муҳайё кардаанд. Дар ширкатҳои номбурда барои сайёҳон мусаввараҳо, расмҳои беҳтарин оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ, роликҳо ва наворҳои видеоии таблиғотии сайёҳӣ, харитаву буклетҳо ва роҳбаладон барои сайёҳон ва дигар намуди хизматрасонии сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон, зиёда аз 10 адад меҳмонхонаҳои хусусӣ, 40 адад ҳомстейҳо ва 17 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ арзи вуҷуд доранд.

Солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳи нақлиёти вилоят зиёда аз панҷ лоиҳаи калонтарини сармоягузориро ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ амалӣ кардааст. Минҷумла, сохта ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Кўлоб - Қалъаихумб - Хоруғ - Кулма яке аз аввалин иқдомот дар самти таъмин намудани иртиботи доимии сокинони вилоят бо дигар минтақаҳои кишвар буд. Шоҳроҳи мазкур айни замон ба афзоиши тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат менамояд.

Дар ин раванд роҳҳои душворгузари мошингарди Шкев-Зиғар ва Шоҳон-Зиғар ба масофаи умумии 71,7 километр сохта, ба истифода дода шуд. Дар баробари ин, асосноксозии техникиву иқтисодии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Лабиҷар-Тавилдара-Қалъаихумб анҷом ёфта, корҳо оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаи роҳҳои мошингарди Қалъаихумб – Хоруғ - Мурғоб - ағбаи Кулма ба масофаи 652 километр, Кўлоб - Шўрообод бо дарозии 32 километр ва қитъаи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи 26 километр идома доранд. Дар ин давра бо харҷи зиёда 40 миллион сомонӣ аз болои дарёҳои Панҷу Вахон 6 пул бо дарозии умумии 585 метр сохта, ба истифода дода шуданд.

Имрӯзҳо Нерўгоҳҳои барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа бо иқтидори 10 мегаватт ва “Санобод” бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт бомаром ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 мегаватт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои барқии хурд дар солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шуда буд, ки дар як сол аз ин ҳисоб боз 60 миллион киловатт соат қувваи барқ истеҳсол гардида, дар давраи миёнамуҳлат метавонад ҳаҷми тавлиди барқро дар вилоят 28 фоиз афзун намояд. Ин нишондиҳанда дар шароити кӯҳистон барои ноҳия ва вилоят дастоварди назаррас ба ҳисоб меравад. Дар баробари сохтмони нерўгоҳи “Себзор” бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 - киловолтаи “Себзор - Хоруғ” ба масофаи 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин боиси минбаъд баланд шудани эътимоднокии таъминоти барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби фонди захиравии Роҳбарияти Олии давлат Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рўшон, хобгоҳ барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин дар шаҳри Хоруғ ҳоло Маҷмааи варзишӣ ва Маркази олимпии дорои тамоми шароити муосир фаъолияти мунтазам дорад.

Дар ояндаи наздик дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди боз зиёда аз 18 пул ба маблағи беш аз 200 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст.

Ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳалли нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят нигаронида шудааст. Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.

1/20

Ҳоло дар ҳудуди вилоят барои беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 70 миллион сомониро ташкил медиҳад.

То соли 2023 дар доираи лоиҳаҳои давлатии амалкунандаи сармоягузорӣ, махсусан, барои беҳдошти шароити инфрасохтори вилоят зиёда аз 730 миллион сомонӣ равона гардида, ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои нав дар ҳудуди вилоят, ки арзиши лоиҳавии онҳо беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад, корҳои заруриро бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.

Ҳоло қариб 1300 километр роҳҳои вилоят аҳаммияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт ва 6 пул бо се кишвари ҳамсоя мепайванданд. Танҳо тавассути гузаргоҳи Кулма ҳар сол ба ҳисоби миёна 8-10 ҳазор воситаи нақлиёт ва зиёда аз 150 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун мегузарад. Баъди кушодашавии ин гузаргоҳҳо ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард дар даҳ соли охир ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар вилоят се баробар афзоиш ёфтааст

Аз тарафи Ҳукумати кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нерӯгоҳи барқи обии «Помир–1» бо тавоноии 14 мегаватт, нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Техарв» бо тавоноии 360 киловатт ва «Андарбак» бо иқтидори 300 киловатт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо шабакаи аввалини барқи вилоятро ташкил намуданд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетикаи вилоят танҳо тавассути истифодаи нерӯи об аз 15 мегаватт то 48 мегаватт расонида шуда, дар ин самт якчанд лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардид.

Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ навбати дуюми нерӯгоҳи “Помир-1” ба истифода супорида, нерӯгоҳҳои хурди барқи обии “Ванҷ-1”, “Ванҷ-2” баъд аз таъмиру азнавсозӣ ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар ва нерӯгоҳҳои хурди барқи обии “Намадгут”-и ноҳияи Ишкошим ва “Шуҷанд”-и ноҳияи Рӯшон ба шабакаи марказии “Помир-Энерҷи” пайваст карда шуданд.

Ҳукумати кишвар барои корҳои иктишофи геологӣ дар кони нуқраи “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоб ҳанӯз чанд сол қабл иҷозатнома дода буд, ки дар ин давра танҳо барои корҳои зикршуда қариб 17 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Тайи ду соли охир бунёди корхона бо сармояи мустақими хориҷӣ ба маблағи 125 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва он чор рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард. Иншооти мазкур дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аввалин корхонаи коркарди маъдан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки бо ҷалби технологияҳои муосир дар баландии зиёда аз 4500 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.

Ҳоло дар вилоят 22 корхонаву коргоҳҳои саноати сабук мавҷуданд.

Соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд.

Соли 2018 бинои раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ, шуъбаи маориф ва муассисаҳои  нави таълимӣ дар деҳаҳои Паткуноб ва Рузвайи ноҳияи Дарвоз бо 960 ҷойи нишаст, мактаби замонавӣ барои 1280 нафар хонанда дар маркази ноҳияи Ванҷ ва толори варзиш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами нуҳи ноҳияи Мурғоб бунёд гардида, ҳангоми сафари кории  Пешвои миллат ба ВМКБ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар самти омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 580 миллион сомонӣ дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бунёд гардид, ки ҳоло дар он беш аз 150 нафар донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Донишгоҳ имконият дорад, ки то 700 нафар ҷавононро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо шароити беҳтарин таъмин карда, кадрҳои ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои байналмилалиро тарбия намояд.

Ҳоло аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохтмони театри замонавӣ ва бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии 91 миллион сомонӣ босуръат идома дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби буҷети давлат ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 93 муассисаи табобатӣ ба маблағи умумии 60 миллион сомонӣ аз нав сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва ба истифода супорида шудааст. Яке аз ин чунин иншоотҳо Маркази ташхиси Оғохон дар маҳалли Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ аст, ки феълан барои ҳамаи сокинони вилоят ва берун аз он хизмат мерасонад.

14 -уми сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд. Донишгоҳ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва се ошёна иборат мебошад.Тибқи нақшаи кулл донишгоҳ дар маҷмуъ дар масоҳати зиёда аз 80 гектар дар се қисмат бунёд карда мешавад. Айни замон қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар қомат афрохта, имрӯз бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии таълим ба истифода супорида шуд. Донишҷӯён аз 7 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.

Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”- и Мурғоб дорои иқтидори 1500 кВт буда, он ташкилоту идора ва аҳолии ноҳияи Мурғобро пурра бо барқ таъмин мекунад. Бояд тазакур дод, ки сокинони ин ноҳияи дурдасти мамлакат дар самти дастрасӣ ба нерӯи барқ танқисӣ доштанд ва бо мавриди истифода қарор додани неругоҳ мушкили чандинсолаи онҳо бартараф шуд.

Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боис бар он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 млн. метри мукааб ҷамъ шавад ва ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо қулай мебошад. Толори мошинҳо масоҳати 468 метри мураббаъро ташкил дода, он бо истифода аз конструксияи металӣ ва панелҳои махсус сохта шудааст. Ин масолеҳ қобилияти гарминигоҳдорӣ аз дохил ва қобилияти хунукинигоҳдориро аз берун дошта, дар шароити ноҳияи Мурғоб мувофиқ мебошад. Дар дохили толори мошинҳо ду адад агрегат васл шудааст, ки ҳар яки иқтидори истеҳсоли 750 кВт нерӯи барқро доро мебошад. Идоракунии дастгоҳҳо пурра ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст. Кори таҷҳизоти он тавассути системаи “СКАДА” назорат ва идора карда мешавад. Нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеъи баландкуҳ баъди Нерӯгоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Воқеан ҳоло дар шаҳру ноҳияи вилоят маҳалла, кӯча ё деҳае нест, ки дар он корҳои созандагӣ рӯи кор наомада бошад. Танхо суботу оромии сартосарии мамлакат ва иттиҳоди мардум лозим аст, ки ҳамаи ин орзу ниятҳои нек ва корҳои созандагӣ ҷомаи амал пӯшанд.

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.