Дар Тоҷикистон орд қимат шуд. Аммо нон бо нархи пешина фурӯхта шуда, ноаён вазн ва ҳаҷми он кам мешавад. Барои нонҳои маъмулии нархашон 1,5-2 сомонӣ меъёр вуҷуд надорад, вале барои тайёр кардани онҳо беш аз 300 грамм хамир истифода мегардад. Имрӯз нонвойҳо дар коргоҳи худ барои пухтани чунин нон на бештар аз 270 грамм хамир истифода мекунанд.

Орд сол то сол қимат мешавад

Вобаста ба навъ, 1 кило орд 3,5-4,5 сомонӣ арзиш дорад. Гандуме, ки 1 килояш 2-2,5 сомонӣ буд, имрӯз бо қимати 3 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нархи орд дар Тоҷикистон аз соли 2015 ҳамасола ҳудуди 0,4 сомонӣ боло меравад. Соли 2015 нархи 1 халта орди навъи якум - 160 сомонӣ, соли 2016 - 170 сомонӣ ва соли 2017 - 180 сомониро ташкил дода, соли 2018 ва аввали соли 2019 то ба 190 сомонӣ боло рафт ва имрӯз аллакай 210 сомонӣ нарх дорад.

Нон “лоғар” мешавад

Дар шаҳру шаҳракҳо аҳолӣ нонро дар бозору мағозаҳо мехарад. Дар деҳот аз мағоза орд харида, дар хона нон мепазанд.

Барои корхонаҳои давлатии истеҳсоли нон меъёрҳо вуҷуд доранд, ки вазни он бояд аз 0,4 то 1 килоро ташкил диҳад. Дар мағозаҳо нонҳои бандубастшуда тақрибан 200-250 грамм вазн ва аз 2 то 5 сомонӣ нарх доранд.

Молики яке аз коргоҳҳои нонпазӣ дар пойтахт Анвар Қаршиев мегӯяд, барои 1 нон 300 грамм орд сарф мешавад ва аз як халта 250 дона нон тайёр карда мешавад. Аз 1 халта орд бригадаи ӯ иборат аз 3 нафар 120 сомонӣ даромад мегиранд.

Бинобар сабаби болоравии нархи барқу ангишт ва ҳезум, нонпазҳо вазни нонро то 280 грамм кам кардаанд, аммо нархи онро тағйир надодаанд.

Сокини Душанбе Баҳодур Равшанзод ба сифати нон шубҳа дорад: «Онҳо серғизо нестанд, ба ҷуз орду об, дигар чизе илова намекунанд. Баъзан аз “Саховат” бо 5 сомонӣ фатири хуб ё бо ҳамин нарх нони танӯрии хонагӣ мехарам. Арзиши онҳо каме гаронтар бошад ҳам, лекин серғизо ва аз рӯйи инсоф пухта мешаванд”.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, моҳи апрели соли равон нархи 1 тонна орд 213 долларро ташкил дода буд, ки нисбат ба аввали сол 16,1% бештар аст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, нимаи ҳамин моҳ 1 кило орди навъи якум дар минтақаҳои Тоҷикистон чунин арзиш дошт (бо сомонӣ):

дар Душанбе – 2,90

дар Турсунзода – 2,86

дар Рашт – 3,10

дар Бохтар – 2,80

дар Кӯлоб – 2,90

дар Хуҷанд  – 2,64

дар Истаравшан – 2,60

дар Хоруғ – 3,30

Мувофиқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо орд дар як сол истеҳсоли на камтар аз 1,7 млн. тонна гандум ё таъмин бо 1,3 млн. тонна орд зарур аст. Тоҷикистон 779 ҳазор тонна (маълумоти соли 2018) истеҳсол мекунад.

Соли 2018 дар Тоҷикистон меъёрҳои нави тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ тасдиқ шуданд. Мувофиқи онҳо, як нафар дар як шабонарӯз бояд 404 грамм нон ва маҳсулоти ордӣ истеъмол кунад, ки дар як сол ба 146-147 кило баробар мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ, ҳар кадом аз тоҷикистониён дар як сол беш аз 150 кило маҳсулоти ордӣ ва нон истеъмол мекунад.

Тавсияи камтар хӯрдани нон

“Тоҷикистон худро пурра бо орд таъмин карда наметавонад ва воридоти гандуму орд идома меёбад, - иброз дошт сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Баҳодур Назаров.

Ба гуфтаи коршиносони дигар, меъёри истеъмоли маҳсулоти ордӣ дар Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Масалан, дар Русия он - 96, ИМА - 73 ва Украина - 70 кило муқаррар шудааст. Ин ба расму оин, иқлим, ҳамчунин камбизоатии нисбии қисми зиёди аҳолӣ робита дошта, бисёре аз оилаҳо барои харидории дигар навъи маҳсулот имкон надоранд, то ки ғизои худро гуногун созанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.