Маросими оғози татбиқи лоиҳа оид ба таъминот бо об ва санитария, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ(БҶ) маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 400 ҳазор нафар дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Хатлон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Боз наздики 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон аз беҳбуди шароити санитарӣ ва омӯзиши амалияи гигиенӣ баҳра мебардоранд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои грантӣ дар ҳаҷми 58 млн. доллар маблағгузорӣ мешавад. Он дар ноҳияҳои сатҳи баланди камбизоатӣ ва дастрасии нокофӣ ба таъмини бехатарии об ва хизматрасонии санитарӣ - Вахш, Леваканд (Сарбанд), Кӯшониён (Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Балхӣ (Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангир) ва Восеъ амалӣ мегардад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс қайд кард, ки айни замон аз се хонаводаи дар маҳалли деҳот иқоматдоштаи Тоҷикистон ҳамагӣ як хонавода ба қубури оби нӯшокӣ (водопровод) дастрасӣ дорад.

Дар доираи лоиҳа аз баргузории ислоҳоти ҷорӣ дар бахши таъминот бо об тариқи тақвияти фаъолияти хадамоти коммуналӣ дастгирӣ мешавад. Бо мақсади беҳбуди хизматрасонӣ фаъолияти воҳидҳои маҳаллии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бозбинӣ ва тақвият дода мешаванд.

Лоиҳаи таъмноти деҳот бо об ва санитария муддати панҷ сол аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Вазорати энергетика ва захираҳои об тавассути Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди зербинои маҳаллӣ”-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.