АНОНС

- Дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар минтақаи КФО мунтахаби Тоҷикистон дастаи Японияро қабул мекунад Оғози бозӣ соати 17:15;

- - American Space and Makerspace Dushanbe Tajikistan ба консерти гурӯҳи мусиқии амрикоии Three for Silver” даъват мекунад. Оғоз соати 14:30, суроға: кӯч. Толстой, 66;

- Дар Фуҷайра (АМА) мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасон идома дорад. Тоҷикистонро дар он 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6922 сомонӣ;

1 евро – 10.6934 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1505 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1943 – Таъсиси Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскави ВКХ Иттиҳоди Шӯравӣ (МГИМО).

1962 — Оғози буҳрони баҳри Кариб.

2006 — Аз осорхонаи таърихии воқеъ дар Қалъаи Ҳисор беш аз 60 нигораҳои арзишманд дуздида шуданд.

1929 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муродбек Рамазонов.

1930 – Мавлуди олим-астрофизик, академик Пӯлод Бобоҷонов.

1948 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Салимбек Расулов.

1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддинов.

1951 – Зодрӯзи шоир Раҳмат Назрӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 15 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.