Думаи давлатии Русия дар қироати сеюм қонунеро қабул кард, ки ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар мекунад. Дар ин бора дар сомонаи ин ниҳоди давлатӣ хабар дода мешавад.

Мувофиқи ин қонун, барои мусоидат ба ғайриқонунӣ гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати вуруд ва ҳузури шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба қаламрави Русия, ҳамчунин тариқи транзит гузаштан аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Бо ин қонун ба қисми 2, моддаи 322.1 КҶ ФР “Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” аломати нави муайянкунанда – содир шудани ҷинояти мазкур аз ҷониби шахс бо истифода аз мансаби хизматӣ илова ворид мешавад.

Ҷазо дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 7 сол бо ҷаримаи то 500 ҳазор рубл аз музди меҳнат ё дигар даромади маҳкумшуда дар давраи то се сол ё бидуни он ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ё бидуни он пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.