Зодаи Тоҷикистон бо додани пора ба корманди Хадамоти федералии амният (ФСБ) кӯшиш кард, ки ду шарики тиҷоратии худро аз Русия хориҷ кунад. Дар ин бора Tvergrad хабар медиҳад.

Ӯ бо ду нафар ҳамдиёронаш, ки тиҷорати муштарак доштанд, муносибати хуб надошта, қарор мекунад, аз онҳо халос шавад. Шиносҳои айбдоршаванда шаҳрвандии Русия надоштанд, аммо қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доштанд. Шарикашон тасмим мегирад, ки ба ихроҷи онҳо аз қаламрави Русия даст ёфта, як худаш ба тиҷорат соҳиб шавад.

Тариқи миёнарав ӯ бо корманди амалкунандаи ФСБ шинос шуда, ба ин корманд 150 ҳазор рубл ваъда мекунад. Дар иваз корманди фаврӣ мебоист ба он мусоидат кунад, ки шарикони тиҷоратии айбдоршаванда ба даст доштан дар фаъолияти террористӣ гумонбар ва вурудашон ба қаламрави Русия манъ шавад.

Моҳи июни соли 2018 ӯ ба шахси мансабдор, ки дар доираи озмоиши фаврӣ амал мекард, пешакӣ 30 ҳазор рубл медиҳад. Пас аз ин мардро боздошт мекунанд. Айбдоршаванда дар суд қисман ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор доштааст, ки корманди ФСБ пул гирифтан мехост ва ӯ дар навбати худ, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои порадиҳӣ огаҳӣ надошт.

Тибқи ҳалномаи суд мард гунаҳкор эътироф гардида, 100 ҳазор рубл ҷарима шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.