ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” интиқоли мунтазами нерӯи барқро ба сокинони Душанбе ваъда медиҳад. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” хабар доданд, танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.
Барои бартараф кардани садама дар шабакаҳо навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ шудааст.
Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 227 27 27 занг занед.
Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.
Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:
Исмоили Сомонӣ – 227 27 23
Шоҳмансур – 227 27 21
Фирдавсӣ – 234 86 05
Сино – 236 33 19.
Қобили зикр аст, ки пештар дар пойтахт давра ба давра таъмини қувваи барқ дар кӯчаю маҳаллаҳо муваққатан қатъ шуда, аксаран сабаби он баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳо маънидод мешуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.