Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз ташкилотҳои қарзӣ даъват кард, ки дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкиро аз ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар бемамониат ва саривақт таъмин намоянд.

“Тибқи муроҷиати шаҳрвандон, рӯзҳои охир як қатор ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар монеаҳои сунъӣ ва маҳдудиятҳои беасос ҷорӣ карда истодаанд”, - гуфта мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Дар ҳамин ҳол зикр мегардад, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо муназзам ва муътадил фаъолият карда истодааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маблағҳои интиқолиашонро аз Тоҷикистон тавассути низоми “Золотая корона” фиристода буданд, метавонанд аз имрӯз онро аз бонкҳои ҷумҳурӣ бозпас бигиранд. Баргардонидани пул дар муддати ду рӯз (24-25 декабр) имконпазир аст.

Ҳамзамон маблағҳои интиқолие, ки тавассути ин низом дар дохили кишвар анҷом дода шудааст (аз як ноҳия ба ноҳияи дигар), ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

Низоми пардохти “Золотая корона”, ки беш аз 80%-и бозори интиқоли пули Тоҷикистонро ишғол мекард, аз пайваст шудан ба Марказ даст кашид.

Айни замон интиқоли маблағ танҳо тавассути низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” имконпазир аст. Ҳамчунин тибқи маълумоти БМТ, аз 23-юми декабр низоми пардохтии “Вестерн Юнион” низ ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар кишвар барқарор кард.

Мувофиқи маълумоти Бонки миллӣ, тарифҳои низомҳои пардохти зикршуда вобаста ба ҳаҷми пули интиқолмеёфта ва нуқтаи ирсол, ҳамчунин навъи асъор аз 0,99 то 2%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.