Ҳунарпешаи ӯзбекистонӣ Рустамхоҷа Усмонов, ки зимни консерт дар Истаравшан нақши Юлдуз Усмоноваро бозидааст, дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, аз фурӯши чиптаҳо ба “консерт” хабар надошт ва изҳори таассуф кард.

“Барои ин кор узр мепурсам, ин барои мо консерт набуд. Ба мо гуфтанд, ки як зиёфати хурд баргузор шуда, ҳеҷ мушкиле нест. Ман на Юлдуз Усмонова, балки тақлидкорам. Моро дар Ӯзбекистон ҳама мешиносанд ва ҳатто худи сароянда ҳам медонад. Ман назди худи ӯ дар як барномаи телевизионӣ ҳунарнамоӣ кардаам. Мо намедонистем, ки онҳо дар Истаравшан консерт баргузор карда, чипта мефурӯшанд”, - гуфт ҳунарманди ӯзбек.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз бозгашт ба Ӯзбекистон ба онҳо гуфтаанд, ки шумо мардуми Тоҷикистонро фиреб додед.

“Пас аз бозгашт ба Ӯзбекистон як дӯстам занг зада, гуфт, ки шумо мардуми тоҷикро фиреб додаед. Ман хеле дар шигифтам, аз мо хеле осон истифода карданд. Бо Ҷамшед-ака дар Ӯзбекистон вохӯрда, дар бораи зиёфат гапзанон кардем ва онҳо барои хизматамон бояд 1000 доллар медоданд. Ман дар репертуарам 15 суруд дорам. Дар зиёфат 10-11 тарона иҷро кардам. Сипас Ҷамшед-ака наздам омада, гуфт, ки дигар лозим нест ва метавонам ба хона равам. Вақти консерт касе напурсидааст, ки ман Юлдуз Усмонова ҳастам ё каси дигар. Пули ваъдагии моро доданду мо ба хона баргаштем”, - мегӯяд ӯ.

Вай афзуд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карданӣ нест. “Дарди сари зиёдатӣ ба ман лозим нест. Аз мардуми Тоҷикистон маъзарат мехоҳам!”, - иброз дошт ҳунарманд.

Рустамхоҷа Усмонов
Скриншот аз видео

Дар ҳамин ҳол, сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” гуфт: “Аз ин қазияи Истаравшан хабардорем. Дар ин бора шикоятҳо расида, милитсияи шаҳр ба тафтиш оғоз кардааст”.

Ба суоли “Азия-Плюс” дар бораи боздошт шудани созмондиҳандагони “консерт” Умарҷони Эмомалӣ посух дод, ки тафтишот идома дорад.

Ёдрас мекунем, рӯзи 25-уми декабр дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Истаравшан барномаи солинавӣ доир гардид. Дастандаркорон ҳунарнамоии Юлдуз Усмоноваро дар он ваъда доданд, аммо як “зан”-и дигари ба овозхони Ӯзбекистон монанд ба саҳна баромад.

Ёвари Юлдуз Усмонова “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозхон ба Тоҷикистон нарафтааст ва нияти баргузории ягон консертро ҳам дар он ҷо надошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.