Нашрияи бритониёии The Telegraph ба сайёҳон соли 2020 сафар бо шаш хатсайрро тавсия медиҳад, ки яке аз онҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.
Муаллифони мавод хатсайри “Раллии Муғулистон”-ро, ки масофаааш 11 ҳазор километрро ташкил додаву аз Прага то Сибирро дар бар мегирад, ғайриоддитарин хатсайр номидаанд.
Ин хатсайр тариқи минтақаи ҷанубу шарқи Аврупо то Туркия ва Эрон гузашта, аз он ҷо тавассути Осиёи Марказӣ то Русия ва Муғулистон мерасад.
Сафар дар қаламрави Тоҷикистон бо шоҳроҳи Помир ҷараён мегирад, ки аз ҷониби муаллифони матлаб роҳи дурушту серсанг ва барои “шахсони асабашон қавӣ” номбар шудааст.
Гуфта мешавад, “дар тарафи дигари соҳил Афғонистон қарор дорад, аммо ҳаракат дар ин тараф амну бехатар аст”.
Ҳамчунин тавсия мешавад, ки дар хӯроки шомгоҳӣ тановули таъомҳо аз гӯшти аспу шутур ва қутос аз манфиат холӣ нест.
Дар мавод зикр мегардад, ки дар роҳи Помир хоҳу нохоҳ бо мошин мушкилот пайдо мешавад.
“Аммо вақте мошин вайрон мешавад, шумо аз муносибати дӯстонаву меҳрубонӣ ва чаққониву уҳдабароии устоҳо (механикҳо)-и маҳаллӣ ба ҳайрат меоед, ки ба як гунае метавонанд қариб ҳама чизро созу дуруст кунанд, ҳатто агар қисмҳои эҳтиётии зарурӣ надошта бошанд”, - гуфта мешавад дар мавод.
The Telegraph ҳамзамон бо Раллии Муғулистон соли равон ба сайёҳон тавсия медиҳад, ки бо роҳи Аляска (шоҳроҳи Аляска – Канада), Роҳи Ноободи Атлантика (Ирландия), «Анди Эпикӣ» (Амрикои Ҷанубӣ), аз Порис то Ривйера (Фаронса) ва Роҳи бузурги дарёӣ (паҳлӯи дарёи Миссисипи, ИМА) сафар кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.