Нависандаи нозукбаёни тоҷик Сорбон (Пури Ҳамроҳ) имрӯз 80-сола шуд. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо соҳибҷашн дар бораи зиндагии имрӯза, буҳрони маънавӣ дар ҷомеа, фарқи адабиёти замони шӯравӣ аз Тоҷикистони навин ва масоили дигар мусоҳиба анҷом дод.

Имрӯзҳо навишта наметавонам...

- Маъмулан, Шумо чизҳоеро, ки дидаеду шунидаед, менавиштед. Сабаб чист, ки ба навиштани осори таърихӣ рӯй овардед?

- Дуруст қайд кардед. То имрӯз чизҳоеро, ки дидааму шунидаам ва ё аз сар гузаронидаам, рӯйи коғаз овардаам. Сабаби ба асарҳои таърихӣ рӯй оварданам маълумоти дақиқ ва чизҳои ҷолиби таърихиро ёфта ба хонанда расонидан аст. Дар ин миён чанд асари таърихие навиштам, ба монанди “Зарафшон”, “достони Писари Худо” ва монанди инҳо. Вақтҳои охир “Шӯриши Маздак” маро ба худ ҷалб кардааст. Дар ин бора маводи зиёд хондам, баъзе маълумотро дар бораи Маздак ҷое вонахӯрдам. Қисми зиёди маълумот умумист, аммо бо вуҷуди ин баъзе чизҳо пайдо кардам, ки дар дигар асарҳо вонахӯрдам. Масалан, чӣ гуна ба дунё омаданаш, кӣ будани модари ӯ ва баъзе иттилотти дигар дар бораи Маздак маълум нест. Хостам ба навиштани асар шурӯъ кунам, вале дардманд шудам, навишта натавонистам. Орзуям ҳамин аст, ки “Ростиву баробарӣ” (номи асари таърихии Сорбон дар бораи Маздак - шарҳи “АП”)-ро ба охир расонам. Чанд маротиба оғоз кардам, каме навиштам, вале боз нашуд, то ҳол нимкора хобидааст.

- Оё навиштаҳое доред, ки то имрӯз аз чопаш худдорӣ карда бошед?

- Навиштаҳои зиёд дорам, ки то ҳол нашр накардаам, чун вақташ наомадааст. Агар тавонистам, нашр мекунам, натавонистам, баъд аз сари ман фарзандонам чоп хоҳанд кард. Баъзан намехоҳам зиёд навиштаҳоямро ба нашр расонам, чун аз чашм кардани мардум метарсам. Айни ҳол бахшида ба 80-солагиам ду ҷилд китоби нав ба табъ мерасонам.

Сорбон
Акс аз Facebook

Мошини “Волга” аз ҳаққи қалам

- Бо вуҷуди ночиз будани ҳаққи қалами имрӯза, Шумо машғули эҷод ҳастед. Ҳаққи қалами замони шӯравӣ аз имрӯз чӣ фарқ дорад?

- Аслан, ман барои ҳаққи қалам наменависам, чун навиштанро дӯст медорам. Навиштан зиндагии ман аст, ки бе он худро тасаввур карда наметавонам.

Барои муқоисаи замони шӯравӣ бо имрӯза дур намеравем, аз худам мисол меорам. Дар замони шӯравӣ нашриёти “Маориф” вақте китоби маро чоп кард, ба маблағаш як мошини “Волга” харидам. Он замон вақте китобатон нашр мешуд, ба Шумо ҳаққи қалам медоданд. Пас аз чопи аввал боз нашрҳои дуюм, сеюм, ва чаҳорум буданд, ки аз онҳо низ нависанда соҳиби ҳаққи қалам мешуд. Баъд аз чопи нашриёт, дарҳол ба русӣ баргардон мекарданд ва маҷаллаи “Помир” ба табъ мерасонд. Хулоса, дар ҳар ҷое маводи нависанда чоп мешуд, ҳаққи қалам медод. Дар замони Шӯравӣ нависандаҳо “Шоҳбача” буданд. Имрӯз ҳаққи қалам куҷо, ҳатто барои нашри китоб маблағ намедиҳанд, ки ин барои нависандагон хеле мушкил аст. Бояд худашон сарпараст ёбанд, нашриёт кобанд, китобашонро чоп кунанд. Пас аз чоп бояд худашон роҳашро пайдо карда, фурӯшанд. Агар фурӯхта натавонанд, китобҳояшон дар долонҳои хона хоб мекунанд.

- Имрӯз мегӯянд: “нависандагони муосири тоҷик асари хонданӣ надоранд, мо чиро хонем?” Ин то куҷо ҳақиқат дорад?

- Ман бо ин фикр розӣ шуда наметавонам, чун асарҳои хондании зиёд дорем. Имрӯз нависанда бо маблағи худ китоб чоп мекунад, ба баъзеҳо дастрас мешавад, ба бархеи дигар не. Барои ин нависанда гунаҳкор нест. Омили дигар ин аст, ки нархи китоб гарон шудааст. Дар замони шӯравӣ қимати китоб хеле арзон буд. Он замон ёд надорам, ки арзиши китоб ба 1 сӯм расида бошад.

Дар замони шӯравӣ тафаккури китобхонӣ ва ба нафаре баробар шудан дар ҷавонҳо ба чашм мерасид. Имрӯз нафароне, ки ба мутолиа машғул бошанд, хеле кам ба назар мерасанд. Дар Иттифоқи нависандагон вақти рӯнамои китоб мардуми зиёд ҷамъ мешаванд. Агар онҳо китоб нахонанд ва асари нависандагони имрӯз писандашон набошад, ҳеҷ гоҳ ба ин макон намеоянд.

Лоиқ Шералӣ ва Сорбон
Акс аз саҳифаи фейсбукии Комрон Ҳамроев

Решаи мадҳ тамаллуқ аст

- Имрӯзҳо мадҳу сано аз ҷониби шоиру нависандагон зиёд ба чашм мерасад. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?

- Решаи мадҳ тамаллуқ аст. Адабиёт на он аст, ки касеро мадҳ кунӣ. Адабиёт оина аст, ки бояд шахс дар он акси худро дида тавонад. Имрӯз он нафароне мадҳ мешаванд, ки вазифа, ҷойи кор ва имкони хуб доранд. Мадҳкунандагон бо ин роҳ мехоҳанд, аз онҳо суде бигиранд. Афсӯс, ки ин омилҳо имрӯз зиёд ба назар мерасанд.

- Мегӯянд, зиндагии инсон ба сиёсат бастагӣ дорад. Аммо Шумо то имрӯз боре дар бораи сиёсат ҳарфе назадед. Сабаб чист?

- Нависанда вақте ба сиёсат даст мезанад, аз эҷодиёт каме дур мемонад. Боз ҳастанд нависандагоне, ки ба майдони сиёсат барои бароварда кардани мақсадҳои худ меоянд. Ин нафарон мехоҳанд аз боло ҷилави касеро кашанд, ё нафари ба худ писанд набударо пешпо диҳанд. Он нафароне, ки ба сиёсат мепайванданд, навиштаашон маънои худро гум мекунад, он қадар дилчасп намебарояд. Сиёсат намегузорад, ки нависанда ба эҷод машғул шавад, чун бояд сафарҳои зиёде анҷом диҳад. Шояд ин ҷо бисёриҳо аз Устод Турсунзода ёдовар шаванд, аммо вазифаи он кас тамоман чизи дигар буд. Мирзо Турсунзодаро “Паёмбари сулҳ” мегуфтанд, чун ба ҳама давлатҳо сулҳ мебурданд.

Хушбахтона, то имрӯз назди нафаре сар хам накардаам. Аз касе кӯмак ҳам напурсидаам. Лекин борҳо пешниҳоди вазифа карданд, ман рад кардам. Ман ба онҳо мегуфтам, кори ман сиёсатбозӣ нест, мехоҳам танҳо нависам ва эҷод намоям. Ба ғайр аз навиштан дар сари ман фикри дигаре набуд ва то ҳол нест.

Муҳоҷирати корӣ ва буҳрони маънавӣ

- Имрӯз ҷомеаи ҷавони Тоҷикистон ба буҳрони маънавӣ рӯ ба рӯст. Баъзе аз ҷавонон аз китобу мактаб дур шудаанд. Барои пешгирии ин омил чӣ бояд кард?

- Буҳрони маънавӣ пеш аз ҳама, дар дасти падару модар аст, чун фарзанд қисми зиёди вақти худро дар назди волидон мегузаронад.

Вақте падару модар кӯдакро танҳо гузошта, барои як луқма нон ба муҳоҷират мераванд, қисмати кӯдак чӣ мешавад? Агар ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони мо қатъ гардад, шояд як навъ ба худ оем.

Як нуктаи дигарро мехоҳам дарҷ бикунам: на ҳама бо мақсади хӯронидан ва пӯшонидани фарзанди худ ба муҳоҷират меравад. Баъзе нафарон вақтхушӣ мераванд, ман инро дар “Тангно” тасвир кардаам. Фикр мекунам, ҳама тоҷикони ҷаҳон ба Ватани худ баргарданд. Тоҷикон бояд як андеша дошта бошанд: Мо – тоҷикем, аз Тоҷикистон. Мехоҳам дар зиндагиям бубинам, ки тоҷик хору пароканда набошад. Вақте тоҷик дар Ватани худ ба фаъолият машғул мешавад ва дар сар фикри муҳоҷиратро намепарварад, баъдан ин буҳрон худ аз худ барҳам мехӯрад.

Сорбон бо коргардони филми “Тангно” Муҳиддини Музаффар
Акс аз саҳифаи фейсбукии Муҳиддини Музаффар

Ба нависандагон фаҳмонидаанд...

- Фарқи насри даврони шӯравии тоҷик аз насри замони истиқлол дар чист? Чӣ бартариву камбудҳо дорад?

- Нависандагони даврони шӯравӣ дар навишти китоб андак худро озод ҳис мекарданд. Манзурам, омилҳои сиёсӣ нест, балки интихоби мавзӯст. Он замон ташкилоте буд, ки китобро аз чашми сӯзан мегузаронид. Агар дар бораи сиёсат каме сухани ноҷо ё ягон хатои дигар меёфтанд, онро таҳрир мекарданд.

Ин гуна ташкилот имрӯз низ вуҷуд дорад, вале бо тарзи дигар. Ба нависандагон фаҳмонидаанд, ки бояд чӣ чизҳоро нанависанд. Нависандагон худ инро медонанд, ки ба муқобили ҷараёни об бел задан мумкин нест.

Баъзеҳо имрӯз мехоҳанд, ки қаҳрамонҳои классикиро рӯйи қоғаз оварда, худашонро нависанда хонанд ва ифтихор кунанд. Ман то имрӯз чизҳои дида ва шунидаамро рӯйи коғаз овардаам. Баъзан ба масъалаҳои таърих даст мезанам, ки онҳо имрӯз низ лозиманд. Мо имрӯз адабиёте, ки мисли “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қаҳрамонҳои нек дошта бошад, надорем. Мо ба монанди Фирдавсӣ қаҳрамон офарида наметавонем. Шояд имрӯз кам нестанд ба монанди қаҳрамонҳои “Шоҳнома”, мумкин мо онҳоро тасвир карда наметавонем.

Масалан, нависандае ҳаст, ки образи президенти имрӯзаи моро офарида тавонад? Нест! Бисёриҳо дар бораи ӯ навиштаанд, ҳатто китобе дар бораи ҳаёту фаъолияташ нашр шуд, вале сарсарӣ. Вақте президент ба минбар мебарояд ва саргузашти худро нақл мекунад, аз китоби навиштаи онҳо хубтар мебарояд. Аз як коргарӣ одӣ то роҳбари давлат омада расидан магар қаҳрамонӣ нест? Ин мавзӯи асар нест? Ин гуна мавзӯъ танҳо дар асари “Шоҳзода ва Гадо”-и Марк Твен тасвир ёфтааст. Агар дар бораи раисҷумҳур аз замони таваллуд, падару модар ва зиндагии имрӯзааш маълумоти пурра медоштам, асаре офарида мешуд, ки ногуфтанӣ.

Маълумотнома:

Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон (Пури Хамроҳ) 27-уми январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор даромадааст. Баъдан муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон», мухбири калони рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» будааст. Чанд сол дар нашриёти «Маориф» ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.

Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шурӯъ карда, нахустин гулчини ҳикоёташ «Гап дар дил» соли 1969 интишор ёфтааст. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар» ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.

Муқоваи романи Сорбон “Ҷӯгӣ”
Акс аз саҳифаи фейсбукии Субҳони Аъзамзод

Ҳикояҳои Лев Толстой (1970), Фёдор Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Николай Островский (1973), романи Нодар Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Чингиз Айтматов «Киштии сафед» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Навиштаҳои Сорбон ба тамоми забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума шудааст.

Аз соли 1971 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Ӯ барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.