Дар маркази маъмурии вилояти Суғд яке аз биноҳои собиқ масҷиди “Нури Ислом” ба кинотеатри хурд табдил мешавад.

Дар ин хусус рӯзи 27-уми январ сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти соли 2019 иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, кинотеатри мазкур барои 80 ҷойи нишаст буда, то ин дам ҳамаи таҷҳизоти махсуси намоиши филмҳо васл шудаааст. Айни замон корҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият ҷараён дорад.

“Ба ғайр аз намоиши филмҳо, дар ин ҷо маҳфили дӯстдорони кино ташкил карда мешавад. Мардум пас аз тамошои филм дар бораи он табодули назар карда метавонанд. Дар Аврупо чунин таҷриба доранд, ки барои пешрафти соҳа хеле муҳим аст”, - қайд кард Бахтиёр Қосимов.
Вай афзуд, замони шӯравӣ дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд кинотеатрҳо вуҷуд доштанд, вале ҳамаи онҳо фурӯхта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 5 кинотеатр амал мекард: “Ватан” – ҳоло Театри наврасону ҷавонон, “Тоҷикистон” – Қасри ҷавонон, “Октябр” – телевизиони вилояти Суғд, “Островский” – бинои истиқоматӣ, “Баҳор” – шахсӣ шудааст.

Ин кинотеатри хурди навтаъсис бори аввал дар замони Истиқлолият ташкил шуда, он дар арафаи Иди Наврӯз дарҳои худро боз мекунад.

Масҷиди “Нури Ислом” дар ш. Хуҷанд / акс аз интернет

Яке аз масъулони собиқи соҳаи фарҳанг мегӯяд, замони шӯравӣ дар вилояти Суғд 63 кинотеатри пӯшида ва қариб 35 кинотеатри кушода фаъолият доштанд, вале аз сабаби мушкилоти соҳаи кино ҳамаи онҳо ба Марказҳои ҷавонон ва Қасрҳои фарҳанг мубаддал шуданд. Ҳамчунин кинотеатрҳои кушода, ки дар байни маҳаллаҳо буданд, ба хонаҳои истиқоматӣ табдил ёфтанд.

Мушкилоти набудани кинотеатр борҳо зимни суҳбат бо кормандони “Суғдсинамо” зикр шудааст. Аз рӯйи эълонҳои онҳо низ маълум аст, ки намоиши филмҳо дар тӯйхонаи Нуртекси шаҳри Хуҷанд сурат мепазирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.