Шаҳрдории Душанбе бо мақсади бартараф кардани ҳолатҳои танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, тасмим гирифтааст, ки шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро кам кунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт хабар дод, шурӯъ аз имрӯз, 3 феврал, дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор - бозори “Меҳргон”), №25 (маҳаллаи Зарафшон- бозори “Меҳргон”) ва №19 (маҳаллаи Пахтакор - маркази савдои “Кӯшониён”) шумори микроавтобусҳо кам шуда, бештар хизматрасонии автобусҳо ба мусофирон оғоз мегардад.

Дар ин хатсайрҳо маблағи роҳкиро тариқи низоми “пардохти ғайринақдӣ” бо истифода аз кортҳои нақлиётии пластикӣ пардохта мешавад.

Ба ин васила, шаҳдории пойтахт ба он омодагӣ мегирад, ки дар кӯчаҳои Душанбе тадриҷан микроавтобусҳо аз байн бардошта шуда, ба ҷойи онҳо автобусу троллейбусҳо ба мусофиркашонӣ машғул мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.