Шахси маъюб Парвиз Бобошарифов ба сифати номзади худпешбаришуда барои курсии вакилӣ дар Маҷлиси ноҳияи Шоҳмансур талош меварзад. Номзадии ӯ аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

“Ӯ ягона касест, ки мо – шахсони дорои маъюбиятро дар маҷлиси шаҳрӣ намояндагӣ мекунад, - мегӯяд раиси Иттиҳодия Асадулло Зикрихудоев. - Умедворем, ки овози мо ба воситаи ҳамин вакил шунида мешавад. Ҳамчунин нишон доданием, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, шахсони маъюб ҳам ба иштирок дар интихобот ва қабули қарорҳо ҳуқуқ доранд”.

Дар барномаи номзад таъмин бо муҳити дастрас ва кумак ба ниёзмандон аз ҷониби давлат зикр шудааст.

“Тӯли чандин сол дар байни ҷомеа ҳастам. Ман дарду алами сокинони ноҳияи худро хубтар дарк мекунам, - мегӯяд Парвиз Бобошарифов. - Нисбат ба дигар номзадҳо ман ба чӣ муҳтоҷ будани мардумро медонам. Фикр мекунам, ки барои одамон нафъ хоҳам овард”.

Дар Тоҷикистон 150 ҳазор нафар маъюбон зиндагӣ дошта, дар маҷлисҳои шаҳр ва парлумон намоянда надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.