Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба зерсохторҳои худ дастур додааст, ки аз барномаҳои театрикунонида бо иштироки донишҷӯёну хонандагон бахшида ба Иди Наврӯз даст бикашанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода хабар дод.

“Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷаласа доир шуд. Вазири фарҳанг ба ҳамаи раёсатҳо ва дигар зерсохторҳояш дастур дод, ки ба хотири пешгирии коронавирус аз барномаҳои театрикунонида даст бикашанд. Иловатан дирӯз барқияи телефонӣ гирифтем ва машқҳои барномаи театрикунонидаро бахшида ба Иди Наврӯз қатъ кардем”, - гуфт Аловуддин Абдуллозода.
Аловуддин Абдуллозода
Акс аз саҳифаи фейсбукӣ

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода низ тасдиқ кард, ки аз дирӯз машқҳо барои барномаи театрикунонидаи Бохтар ва шаҳру навоҳии вилоят манъ карда шудааст.

Ба қавли Аловуддин Абдуллозода, чунин тасмим дар мувофиқа бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст.

“Барномаҳои фароғатӣ аз тарафи кормандони соҳаи фарҳанг омода хоҳад шуд, вале барномаҳои театрикунонида баргузор намешаванд”, - изҳор дошт Аловуддин Абдулозода.

Вай афзуд, ки дастури манъи барномаҳои театрикунонида танҳо ба хотири пешгирии сироят ва эҳтиёт қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди як моҳи охир донишҷӯёну хонандагони макотиби олию миёна Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён дар варзишгоҳҳои “Пахтакор” ва “Ҷавонон”, инчунин фурудгоҳи шаҳр барномаҳои театркунонидашударо тамрин мекарданд. 

Бино ба маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, то имрӯз, 5-уми март ягон ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
“Маршировка” дар фурудгоҳи Бохтар, 18 феврали 2020 с.
Asia-Plus

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.