Дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе беш аз даҳ мағоза ва фурӯшгоҳҳои соҳибкорони Чин фаъолият дошта, дарҳои сетои онҳо баста ва баъди хуруҷи коронавирус дар ватани ин соҳибкорон кам касоне ба онҳо медароянд.

Харидорони асосии ин мағозаву фурӯшгоҳҳо худи шаҳрвандони Чин мебошанд. Дигар хориҷиён ва тоҷикистониёне, ки ба ин ҷойҳо меоянд, асосан хӯришҳо мехаранд.

Моликон ва фурӯшандагони ин мағозаҳо мегӯянд, маҳсулоташонро ҳанӯз то хуруҷи коронавирус аз Чин овардаанд.

“Айни замон маҳсулот намеорем. Аз ҳамон маҳсулоте, ки то хуруҷи коронавирус оварда будем, савдо карда истодаем, - мегӯяд Кан Дун Ян. - Айни замон сарҳад баставу хатсайрҳои ҳавоии мустақим ҳам нест. Барои аз дигар кишварҳо овардан хароҷот зиёд мешавад. Харидорон ҳам аз пештара хеле каманд”.

Asia-Plus

Дар маъмурияти бозори “Меҳргон” изҳор доштанд, ки маҳсулоти ин мағозаҳо хатарнок набуда, мунтазам зери назорату санҷишанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.