Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад.
Дар ин бора ба “Азия-Плюс” саркоргардони театри мазкур Қамариддин Мирзоев хабар дод.
“Имрӯз, соати 16:00 дар толори театри мо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Қабл аз оғози он дар саҳни театр намоиш-фурӯши китобу рӯзномаҳо гузаронида мешавад. Дар қисмати расмии чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ мекунанд”, - иброз дошт саркоргардон.
Инчунин маросими супоридани унвону ифтихорномаҳо ва барномаи консертӣ баргузор хоҳад шуд.
Чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони кишвар ташкил мегардад.
11-уми марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” рӯйи чоп омада буд. Аз соли 1994 инҷониб санаи мазкур ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, соли 2019 дар Тоҷикистон 376 номгӯйи рӯзномаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумор 112 нашрияи давлатӣ ва 264 нашрияи ғайридавлатӣ мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста