Чин ба Тоҷикистон барои муқовимат бар зидди коронавирус кумаки башардӯстона пешниҳод кард.
Маросими супурдани кумак дар сарҳади Тоҷикистону Чин рӯзи 30-юми март дар ВМКБ доир гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
“Ба Тоҷикистон маҷмӯаи реагентҳо барои ошкор кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19 ҷиҳати баргузории 2000 таҳқиқот, 1000 хилъати муҳофизатии тиббӣ, 500 дона термометр барои ҳароратсанҷӣ, 1000 дона айнакҳои тиббӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои якдафъанаи тиббӣ ва 1000 ҷуфт пойафзоли якдафъаинаи тиббӣ (бахилҳо) супурда шуд”, - гуфтанд дар ВКХ ҶТ.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 2-юми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз 1-уми феврал то 2-юми апрели соли равон 6272 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 2359 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3913 кас дар карантин қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста