Рӯзҳои 8-9 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи воридшавии ҳавои намноки атлантикӣ ва анбуҳи ҳавои сард ба Тоҷикистон аз самти аврупоии Русия ба воситаи қаламравӣ Қафқоз, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боришоти хусусияти селдошта пешгӯйӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво давом ёфта, дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ боришоти бошиддат ба амал меояд ва дар баъзе ҳолатҳо боронҳои хусусияти селдошта меборад.

“Шаби 8-уми апрел ва субҳи 9-уми апрел дар водиҳои вилояти Хатлон, НТМ ва вилояти Суғд эҳтимоли гузаштани борон ба барфи тар пешгӯйӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии манотиқи мазкур якбора гузариши борон ба барф дар назар дошта мешавад, - қайд шудааст дар торнамои Агентӣ. - Рӯзҳои 8-9 апрел дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-15 дараҷа  ва 9 апрел дар водиҳои  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 8-10 дараҷа пешбинӣ мешавад”.

Гуфта мешавад, шаби 9 ба 10 апрели соли ҷорӣ баъд аз қатъ шудани боришот, софшавӣ ва пастшавии ҳарорати ҳаво то 0-20 сардӣ аз эҳтимол дур нест, ки ин вазъият метавонад ба сармозании зироатҳои кишоварзӣ оварда расонад.

“Рӯзҳои 8-9 апрел дар ноҳияҳои алоҳида ба истиснои ВМКБ вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 м/с дар назар дошта шуда, ҳамчунин ин рӯзҳо дар манотиқи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, шоҳроҳои Файзобод-Нуробод-Тавилдара, дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Вахш, дар ҳавзаи дарёи Ёхсӯ-Қизилсӯ, ҳавзаи дарёи Обиминоби ноҳияи Дарвоз, ҳавзаи дарёи Зарафшон эҳтимоли ба вуҷуд омадани сели харобиовар дар назар аст”, - зикр шудааст дар маълумот.

Огоҳӣ дода мешавад, ки дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии минтақаҳои шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.

Аз ин рӯ, ба сохторҳои дахлдори хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тавсия дода шудааст, ки тайёрии пешакиро оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуби табиӣ роҳандозӣ кунанд.

“Ҳамватанони азиз! Аз пайомадҳои зуҳуротҳои номатлуби табиӣ, ки метавонад ба саломатӣ ва сатҳи некӯаҳволии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонад, пешгирӣ кардан ба манфиати кор хоҳад буд. Саломатии худ ва наздиконатонро ҳифз намоед!”, - муроҷиат кардаанд обуҳавошиносон ба аҳолии кишвар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.