Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои “75-солагии Ғалаба” қадрдонӣ шуданд.

Медалҳои ҷашниро ба собиқадорон Мирзоалӣ Иброҳимов ва Дастур Мансуров, ҳар ду 99-сола, Раҳимбой Раҳматови 97-сола, Қамбар Хайбарови 96-сола ва Маъмур Аҳмадови 95-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд Иван Иванов супурданд.

Зимни суханронии шодбошӣ назди ҳозирин Андрей Варламов қайд кард, ки “бо баҳои талафоти зиёд ва ҷасорату қаҳрамонии бемисли мардуми шӯравӣ фашизм мағлуб карда шуд”.

“Бобою бобокалонҳои мо барои Ғалаба мубориза бурданд, то ки имрӯз мо осоишта зиндагӣ кунем. Сари таъзим наздатон фуруд меорем, собиқадорони азиз! Иди Ғалаба муборак!”, - гуфт ӯ.

Сипас барои собиқадорон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд, аз ҷумла, тарбиятгирандагони кӯдакистони “Гулшан” таронаи машҳури замони ҷанг “Смуглянка”-ро сароиданд.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ин ноҳия 2372 нафар ба ҷанг даъват шуда, 806 нафар ҷанговарон ба хонаҳояшон баргаштанд ва 1566 нафар ҳалок ё бе ному нишон шуданд.

Имрӯз дар ноҳия 5 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

1/16

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.