Кулоҳ ё сарпӯш дар замони муосир ба яке аз василаҳои тарғиб ва муаррифии миллатҳо табдил ёфтааст. Масалан, мардуми Қафқозро бо папаха (аслан ин сарпӯши пашмӣ хоси мардуми туркзабон аст) ва мардуми туркманро бо чембер мешиносанд.

Дар Тоҷикистон ҳам мардуми маҳаллӣ тоқӣ мепӯшанд. Ҳарчанд навъи ягона ё умумимиллии он вуҷуд надорад, аммо тоқӣ ҷузъе аз либоси миллии мардуми тоҷик шинохта мешавад.

Масалан, мардуми шимоли кишвар тоқиҳои “чоргула” ва “тӯстӯппӣ” ба сар мекунанд. “Чоргула” аз матои сиёҳ, кабуд, сабз, кабуди сиёҳ ё махмалӣ дӯхта ё нуқтадӯзӣ мешавад. Дар болои тоқӣ нақши “аждаҳо“ тасвир ёфтааст.

“Тӯстӯппӣ” кабуди сиёҳтоб буда, дар болои он нақши чор унсури сафед ҷойгир аст. Ин намуд тоқӣ бо нақшҳои бодом, шохчаҳо ва доирачаҳои зиёди сафед оро дода шудааст. Нақши “бодом“, “қаламфур“ бо абрешим ё мӯлина дӯхта мешавад.

Тоқие, ки мардуми шимоли Тоҷикистон мепӯшанд

Мардуми ҷануби кишвар, хусусан, минтақаи Кӯлоб бештар тоқиҳои гирдак ба сар мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳои назаррабо оро ёфтаанд. Дар онҳо нақши “қаламфур”-и қатрамонанд ё “қаламфур”-и сурх дӯхта шудааст. Нақшҳо дар заминаи сурху сиёҳ ё сиёҳ чор маротиба дар тарҳи тоқӣ такрор меёбанд. Дар гирдаи тоқӣ силсилатоқҳои суннатӣ ҷойгир шудаанд. Тоқиҳои мудаввар пилтадӯзӣ мешаванд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо риштаҳои ранга номвожаҳои “Кӯлоб”, “Тоҷикистон”, “Тоҷик”  ва амсоли инро кашидадӯзӣ карда,  бо пӯпакҳо оро медиҳанд.

Тоқие, ки мардуми минтақаи Кӯлоб ба сар мекунанд

Дар қисмати Бадахшони кишвар тоқиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин бештар ба занон хос аст.  Мардони бадахшӣ низ тоқиҳои бахмалии сурху сабз мепӯшанд, ки нақшу нигори вижа доранд. Як вижагии тоқиҳои бадахшонӣ он аст, ки дар онҳо гулдӯзӣ қариб ба назар намерасад ва дар қисмати поёнии тоқиҳо шероз дӯхта мешавад.

Тоқии бадахшонӣ

Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашт бештар тоқиҳои мудаввар ва гумбазшакл маъмуланд. Композитсияи онҳо гуногун аст: 1. бо унсурҳои алоҳидае, ки бо ҳам алоқаманд нестанд; 2. теппааш ба қитъаҳо тақсим шудааст; 3. дорои доираҳои гуногун; 4. дорои нақшҳои гуногун.

Дар Дарвоз тоқиҳои гурӯҳи аввал бештар паҳн шудаанд. Дар тоқиҳои Дарвоз нақши “мендалон” (чор ё ҳашт мендалон) инъикос ёфтааст. Дар тоқиҳо инчунин нақши ромб, наъл ё шохчаҳои камоншакл такрор ёфта, мутаносибан дар маркази тоқӣ ҷойгир мешаванд.

Тоқие, ки мардуми минтақаи Дарвозу Рашт мепӯшанд

Як навъи дигари сарпӯш арақчин аст. Арақчин дар асрҳои гузашта шакли мудаввару гумбаздор буд. Он аз матои сафед бо астар дӯхта мешавад. Фарқи арақчин аз тоқӣ дар он аст, ки он пилта надорад. Байни астар ва теппаи арақчин як қабат коғазу матоъ гузошта, онро бо мошини дарздӯзӣ ба шакли доира ё аз поин ба боло бо чоки морпеч лаганда мекунанд. Арақчинро гулдӯзӣ накарда, фақат ба он шерозаи бофта ё махмалинро насб мекунанд. Арақчинро кӯдакон низ ба сар мекарданд.

Арақчине, ки имрӯз мавриди истифода аст

Дар давраҳои пеш арақчини муйсафедон аз чор нақши ҳаҷман хурди ромбмонанд, ки бо мураббаъҳои сиёҳи андар якдигар ҷойгиршуда оро дода мешуд, иборат буд. Дар гирдаи он нақшҳои “парпар”, “дандона”, “кунгура”, “бибияк” ҷой мегирифтанд. Гоҳо ба ҷойи гулдӯзӣ қуроқ – порчаҳои рангоранги матоъ ба шакли доира ва секунҷа дӯхта мешуд. Дар арақчинҳои ноҳияҳои Кӯлоб нақшҳои зооморфии пай дар пай дар давраи гирдбод тасвир шудаанд, ки рамзи ҳаракати ҳайвону ҷонварони дубаҳра аст.

Арақчине, ки қаблан мепӯшиданд

Тавре ба назар мерасад, тоқиҳои тоҷикӣ хусусият ва нақшу нигори ба худ хос дошта, ифодакунандаи маҳалҳои гуногун мебошанд. Аммо ҳеч яке аз ин тоқиҳо умумимиллӣ нестанд.

Қурбон Аҳмадзод, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳар гоҳе бо тоқии гулдӯзии хоси минтақаи Кӯлоб ба кӯча барояд, сокинони пойтахт ба ӯ ҳамчун “кӯлобӣ” муроҷиат мекунанд.

- Вақте як нафар дар сар папаха гаштугузор мекунад, мегӯянд, ки қафқозӣ аст, ҳарчанд дар ин минтақа чанд давлату миллат ҳаст. Мо як давлату як миллатем, аммо вақте дар шаҳр бо тоқӣ гаштугузор мекунам, мегӯянд, ки “кӯлобӣ” аст. Аз тоқиам мешиносанд, ки ман аз кадом маҳаллам, - мегӯяд Аҳмадзода.

Фарҳангшиноси тоҷик Ҷонибеки Асрориён бовар дорад, ки мо – тоҷикон тоқии миллӣ надорем.

- Мо ягон вақт тоқие, ки муаррификунандаи миллатамон бошад, надоштем. Бисёртар ба маҳал аҳаммият медиҳем ва тоқиҳоямон ҳам хусусияти маҳаллӣ доранд. Аз тоқии дар сарамон гузошта маълум кардан мумкин аст, ки мо аз кадом маҳалли Тоҷикистонем, - мегӯяд Ҷонибеки Асрориён.

Ба андешаи рӯзноманигор Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ надоштани тоқии миллӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мо ҳатто дар масоили миллӣ муттаҳид нестем: “Хуб аст, ки ҳар як минтақаи Тоҷикистон расму ойин ва анъанаҳои худро доранд, вале агар мо тоқии миллии худро бо рангу ороишоти вижа медоштем, хуб мебуд. Бояд тоқии сирф тоҷикӣ дошта бошем, зеро тоқӣ ҳам метавонад муаррификунандаи фарҳанги миллат бошад”.

Аммо фолклоршинос Дилшод Раҳимов мегӯяд, ки фарҳанги тоқипӯшӣ миёни насли ҷавони мо қариб аз байн рафтааст. Ҷавонон танҳо дар маросиму ҷашнҳо тоқӣ мепӯшанду халос. Аз ин сабаб, эҳёи расми тоҷикон – пӯшидани тоқиро зарур намеҳисобад.

- Имрӯз ҷойи тоқиро сарпӯшҳои гуногун, аз қабили “кепка” ё “шляпа” гирифтааст. Зарурати таҳия ё мушаххас кардани тоқии милии тоҷикон нест. Дар ин масъала касе андеша ҳам накардааст, чун муаррифии тоқии миллӣ метавонанд байни минтақаҳо ихтилоферо ба миён орад, - изҳор дошт Раҳимов.

Хуршед Мавлонов, яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоии Facebook тарғиби арзишҳои фарҳангиро барои давлатҳое муҳим меҳисобад, ки аз лиҳози иқтисодӣ рушд накардаанд: “Барои давлатҳои аз лиҳози илму фановарӣ пешрафта, тарғиби ҷузъҳои фарҳанги худ аҳаммияти дуюмдараҷа дорад. Чун он давлатҳоро бо дастовардҳое дар соҳаи илму техника хуб мешиносанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам рушд кардаанд. Аммо барои мо – тоҷикон тарғиби фарҳанг ва ҷузъҳои он бисёр муҳим аст. Чун ин ягона роҳи муаррифии давлатамон аст”.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд ҳар минтақаи Тоҷикистон тоқии алоҳидаи худро дорад, аммо бештар насли калонсол онро ба сар мекунад. Ҷавонон танҳо дар ҷашну маросимҳо тоқӣ мепӯшанд.

Дар ҳамин ҳол, мардҳои тоҷик то солҳои 60 – 70-уми асри гузашта бе тоқӣ гаштугузор намекарданд ва бо сари урён дар сари дастурхон нишастанро гуноҳ меҳисобиданд. Ҳатто донишҷӯёни тоҷик ҳам дар сар тоқӣ ба дарс мерафтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.