Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид – Рӯзи Ғалаба ва Иди Рамазон, моҳи май тоҷикистониён ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.

Аз ин рӯ, чун ҷашни Иди Ғалаба – 9 май имсол ба рӯзи шанбе рост меояд, рӯзи дигари баъд аз рӯзҳои истироҳат – душанбе низ рӯзи истироҳат аст.

Тибқи маълумоти Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Иди Рамазон имсол ба рӯзи якшанбе – 24 май рост меояд. Мутаносибан рӯзи 25 май – душанбе низ рӯзи истироҳат эълон мешавад.

Ба ин тариқ, ин моҳ шаҳрвнадони Тоҷикистон рӯзҳои 2, 3, 9, 10, 11, 16, 17, 23, 24, 25, 30 ва 31 май истироҳат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.