Шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо то 31-уми май қатъ карда шавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ин қарор бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қабул шудааст.

Гуфта мешавад, сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан фаъолияти бозорҳои фурӯши либоси шаҳри Душанбе низ то 31-уми май манъ карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе инчунин меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо низ айни замон кор намекунанд.

То шоми 11-уми май дар Тоҷикистон 661 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 21 кас бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.