Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо муассисаи “Маърифатпарвар” ба истеҳсоли ниқобҳое оғоз кардаанд, ки дар таркиби онҳо маҳлули нуқра истифода шудааст. Технологияи мазкур бо тавсияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тасдиқи “Тоҷикстандарт” бори нахуст дар кишвар роҳандозӣ шудааст.
Аваз Салимов, ҷонишини директор оид ба таълим дар коллеҷи технологияҳои инноватсионии назди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло дар ин ҷо тӯли як шабонарӯз то 10 ҳазор ниқоб истеҳсол мешавад ва дар ҳолати зарурӣ бо ташкили ду басти кор теъдоди онҳоро ба 20 ҳазор адад расонида метавонанд. Қисме аз ниқобҳои истеҳсолшуда ба кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ройгон тақсим карда шуда, боқимонда бо нархи яклухти аз 1,5 то 2 сомонӣ ба мардум фурӯхта мешаванд.
“Мо айни замон ду навъи ниқоб истеҳсол мекунем, ки онҳоро метавон батакрор истифода кард. Намуди аввал аз 4 қабат дока ва намуди дуюм аз 2 қабат матои махсус бо изофаи як қабат дока иборат аст. Қабати мобайнии ҳар ду намуд бо маҳлули нуқра коркард мешаванд”, - иброз дошт Салимов.
Ӯ мегуяд, маҳлули нуқра хусусияти зиддивирусӣ дошта, ниқоби мазкур дар давоми 24 соат одамро аз бемориҳое, ки тавассути роҳҳои нафас сироят мешаванд, эмин нигоҳ дошта метавонад.
Вай афзуд: “Нуқра дар вақти шустан ё дарзмол кардан бухор намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми истифодаи батакрори ин навъи ниқоб, хусусияти муҳофизатии он гум намешавад. Технологияи мазкур таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, истеҳсоли ниқобҳо бевосита аз тарафи ин шахс тавсия шудааст. Ин технологияро “Тоҷикстандарт” низ тасдиқ кардааст”.
Ба қавли ӯ, ҳоло 20 нафар ҳамарӯза дар истеҳсолот кор мекунанд. Қувваи корӣ асосан аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷи дӯзандагӣ таъмин гаштааст. Ба ҷуз ин, якчанд зани хонашин ҳам, ки ба кор ниёз доштанд, ҷалб шудаанд. Барои дӯхтани як ниқоб 20 дирам ҳаққи заҳмат пешниҳод шуда, музди моҳонаи ҳар як дӯзанда то 3000 сомониро ташкил медиҳад.
“Нақша дорем, дар ояндаи наздик фаъолиятро дар ду баст роҳандозӣ карда, 56 нафарро бо кори доимӣ таъмин созем. Дар оғози истеҳсолот мо мақсад доштем, танҳо донишҷӯён ва кормандони муассисаи худро бо ниқоб таъмин кунем. Аммо баъдан ба хулосае омадем, ки тавони таъмини дигаронро ҳам дорем. Ба кормандону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ниқобҳо ройгон тақсим карда мешаванд”, - гуфт Салимов.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш олимони Донишгоҳи политехникии Томски Русия низ коркарди ниқобҳоро бо маҳлули нуқра пешниҳод карда, иброз доштанд, ки он ба навъҳои зиёди вирусҳо метавонад зиддият нишон диҳад. Нархи маҳлули нуқра, ба гуфтаи онҳо, аз антибиотикҳо арзонтар буда, метавонад то ду сол пас аз истеҳсол истифода шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста