Нимаи дуюми рӯзи 19 май овозхон ва оҳангсоз Хуршеди Алидод аз бемории сактаи қалб дар манзилаш дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ рӯзи сешанбе дар ҳузури пайвандонаш вафот кардааст.

Ширинмоҳ Ниҳолова, духтари Хуршеди Алидод, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "як вақт микроинсулт шуданд, баъд оҳиста-оҳиста пажмурда шуда рафтанд. Ҳамсарашон пизишк аст ва нигоҳубин мекард. Мо ҳама дар ҳамин ҷо будем. Чанд рӯзи охир вазнин шуданд. Рафта меомадем ва ногаҳон имрӯз даргузаштанд."

Ба гуфтаи Ширинмоҳ, падараш ҳанӯз соли 1994 ба нафақа баромада, лекин то соли 2005 дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.

Хуршеди Алидод аз тоҷикони Афғонистон аст ва дар соли 1958, замоне ки 20 сол дошт, тарки зодгоҳ карда, барои ҳамеша Тоҷикистонро ватан ихтиёр намуд. Вай чанд сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои ин кор далел дошт.

Ба нақли ӯ, "модарам ба ман як духтари зеборо арӯс кард. Тӯй кардем, се шабонарӯз маърака доштем. Ин кор гузашту ман душман пайдо кардам. Душманам бародари ӯгайи ҳамсарам буд. Ӯ мехост, барояш "ҳақ" диҳам. Ман ҳар ончи доштам, ба хусурам дода будам. Аз онҷо маро "чап" гирифт ва ба ҳукуматдорону аскарон шикоят кард. Онҳоро маро даъват карда, латту кӯб намуданд. Ночор аз ватан берун рафтам".

Дар Тоҷикистон дар оғоз ӯро зиндонӣ карданд, аммо баъдан чун ҳунарманд шинохтанду эҳтиром қоил шуданд. Хуршеди Алидод нақл кард, ки ӯро як муддат бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз ба зиндон андохтанд.

"Дар инҷо овоза шудааст, ки як овозхони афғонро ҳабс карданд. Вақте омадам, маро дар Филармонияи давлатӣ пешвоз гирифтанд. Гуфтанд, ки ҳар ҳунаре дорӣ, нишон деҳ. Чӣ асбоби мусиқӣ, ки оварданд, навохтам ва суруд хондаму рақсидам. Хулоса, маро ба кор дар Филармония қабул карданд", - гуфта буд ӯ.

Дере нагузашта ӯ маҳбубу писанди мардум гашт. Маҳбубияташро ба он марбут медонист, ки ба қавли худаш таронаҳои дили мардумро мехонд ва сурудҳоро бо чанд забон, аз ҷумла ҳиндиву русӣ ва ӯзбекӣ иҷро мекард.

"Дар ҳар се моҳ шаби эҷодӣ доштам, дар Душанбе. Маро ба хориҷа намебурданд, аламам мекард. Аммо дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа мегаштам", - ба ёд оварда буд ӯ дар суҳбати чанд сол пеш.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.