Сохтмони варзишгоҳи нав бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе идома дорад. Ба истифода додани иншоот то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар назар аст.

Ба наздикӣ дар Душанбе варзишгоҳи муосири ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад, ки мусобиқаҳои бузурги сатҳи байнулмилалиро қабул карда метавонад.

Сохтмон иншоот моҳи марти соли гузашта дар қитъаи назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (дар “Ҷазира”) оғоз гардид, ки майдони зиёда аз 9 гектарро фаро мегирад. Ин ҷо наздики 300 бинокор аз 4 ширкати сохтмон машғули коранд.

1/11

Дар ошёнаи якум зери минбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ ҳуҷраи ивази либоси варзишгарон ва доварон, ҷойи шустушӯй ва бунгоҳи тиббӣ, инчунин толорҳои машқ ва қаҳвахона сохта мешаванд.

Барои меҳмонони воломақом сохтмони ҷойи нишасти махсуси VIP дар баландии 18 метр дар назар аст. Инчунин барои меҳмонон боз 448 ҷой, майдони сайругашт дар баландии зиёда аз 9 метр ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ҳар кадоме аз минбарҳои варзишгоҳ даромади алоҳида хоҳад дошт. Масоҳати майдони футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр аст. Дар наздикии қаламрави варзишгоҳ сохтмони иншооти зерсохтор ва ёридиҳанда, инчунин таваққуфгоҳ барои 2 ҳазор автомашина ба нақша гирифта шудааст.

1/2

“Суръати корҳоро паст намекунем. Бовар дорем, ки бунёди варзишгоҳ то ҷашни 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ба охир мерасад”, - мегӯянд бинокорон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.