Тоҷикистон аз 25 июн барои аз Русия ба ватан овардани шаҳрвандони худ парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад. Дар ин мавод доир ба чӣ гуна номнавис шудан ба парвозҳои чартерӣ ва дигар ҷузъиёти аз Русия ба ватан баргаштан маълумот манзуратон мегардонем.

Чӣ гуна аз Русия ба Тоҷикистон баргашта метавонам?

Аз Русия ба Тоҷикистон Шумо танҳо бо парвозҳои чартерии аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ташкилшуда баргашта метавонед.

Чӣ гуна ба парвози чартерӣ номнавис шуда метавонед ва барои бақайдгирӣ чӣ гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои нмонавис шудани ба парвозҳои чартерӣ ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия дархост пешниҳод кардан зарур аст.

Барои пешниҳоди дархост ба Шумо нусхаи шиносномаи хориҷӣ, маълумотномаи тиббӣ (агар бемор бошед) ва зикри сабабҳои ба ватан баргаштан лозим аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: тел: +7 (495) 6904186; +79264110961; +79955018733;

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск: тел: +79231002223; +79134873822

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург: тел: +79616111617

Консулгарии Тоҷикистон дар Уфа: тел: +73742765296; +79272317171; +79371510011;

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург: тел: +7 (343) 370-23-60

Шумо дархости худро бо маълумот барои тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нусхаи шиноснома, маълумотнома дар бораи беморӣ ва ғайра) ба суроғаи электронии [email protected] низ фиристода метавонед.

Барои номнавис шудан ба рӯйхати парвозмекардагон маблағ пардохтан лозим аст?

Не! Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор дошт, ки одамон ба қаллобоне, ки барои дохил кардан ба рӯйхат ё харидани билет пул талаб мекунанд, бовар накунанд.

Дар худи сафорат ё тариқи суроғаи электронӣ худро ба қайд гузоред.

Пас аз бақайдгирӣ чӣ гуна метавонам бифаҳмам, ки дар рӯйхати парвоз дохил шудаам?

Пас аз бақайдгирӣ занги кормандони сафоратро интизор шавед.

Агар ба рӯйхати парвозкунандагон дохил шуда бошед, кормандони сафорат дар ин бора ба Шумо хабар медиҳанд ва мефаҳмонанд, ки аз куҷо билет харида мтавонед.

Чанд хатсайри чартерӣ ба нақша гирифта шудааст ва онҳо дар кадом рӯзҳо парвоз мекунанд?

Аз 10 июл Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳои чартерии ҳамарӯза аз Маскав ба Душанбе то охири моҳи июл аз ҳукумати Русия иҷоза гирифт.

Ҳамчунин аз шаҳрҳои Новосибирск, Екатеринбург, Санкт-Петербург, Уфа, Қазон як ё ду парвозӣ анҷом дода мешавад. Рӯз ва вақти парвоз аз ҷониби Консулгариҳо муайян карда мешавад.

Ба кадом шаҳрвандон барои ба ватан баргаштан афзалият дода мешавад?

Чанд рӯз пеш дар сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштанд, ки қисми зиёди шаҳрвандон, ки барои ба ватан баргаштан эҳтиёҷи зиёд доштанду дархост пешниҳод карданд, аллакай аз шаҳрҳои Русия ба ватан фиристода шудаанд.

Акнун ҳамаи хоҳишмандони ба ватан баргаштан метавонанд ба хатсайрҳои чартерӣ худро номнавис кунанд.

Агар дар рӯйхати сафорат набошам, барои парвоз билет харида метавонам?

Билетҳо танҳо мувофиқи рӯйхат, ки аз ҷониби комиссияи назди сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон барои бақайдгирии шаҳрвандон тартиб дода шудааст, фурӯхта мешаванд.

Онҳо ҷараёни фурӯши билетҳоро низ назорат мекунанд. Шахсе, ки ба қайд гирифта нашудааст, билет харида наметавонад.

Билет чанд пул нарх дорад?

Нархи билетро ширкати ҳавопаймоӣ бо назардошти парвоз муқаррар мекунад. Агар ҳавопаймо аз Душанбе ба Русия холӣ парвоз кунад, нарх баланд мешавад. Агар ҳавопамйо шаҳрвандони Русияро аз Тоҷикистон бо худ гирад, билет арзонтар хоҳад буд. Дар умум нархи билет аз 300 то 500 долларро ташкил дода метавонад.

Пас аз бозгашт маро ба карантин мефиристанд?

Бале! Ҳамаи бозгаштагонро мустақиман аз фурудгоҳ ба карантин мефиристанд. Онҳо аз тести коронавирус мегузаранд. Агар натиҷаи тест манфӣ барояд, ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд, лекин агар натиҷа мусбат бошад, дар бемористон бистарӣ мешаванд.

Оё бо нақлиёт заминӣ низ бозгаштан имкон дорад?

Не! Айни замон бо нақлиёти заминӣ (автомашина) ба Тоҷикистон баргаштан ғайриимкон аст. Сарҳадҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон баста буда, шумо аз онҳо гузашта наметавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.