Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 дар назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) моҳи декабри соли 2020 ба охир мерасад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар", ректори донишгоҳи мазкур Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 20 июл дар ин робита изҳор доштааст, ки мактаби нав барои таҳсили 1200 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои толибилмону омӯзгорон таъмин хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон барои фаъолияти мактаб дар маркази шаҳр бинои муваққатӣ дода шудааст.

“Тибқи қародод бо ҳукумати Маскав донишгоҳ соли 2019 барои мактаб 3 озмоишгоҳ дастрас намуда, дар бораи таъмини муассиса бо китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти хониш гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, - гуфтааст ӯ.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода  сохтмони 5 мактаби таҳсилашон бо забони русӣ оғоз мегардад, ки ҳар кадоме аз онҳо барои таҳсили 1200 нафар пешбинӣ шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 26 мактаби таҳсилоташон бо забони русӣ, инчунин 158 мактаби таҳсилоташон омехта, ки синфҳои русӣ низ доранд, амал мекунанд. Дар Тҷикистон ба сурати умум беш аз 85 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсилот ба забони русӣ фаро гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.