Чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо миёни корбарон хабаре аз сомонаи akket.com паҳн мешавад, ки гӯё Google мессенҷереро (паёмрасон) роҳандозӣ кардааст, ки бе интернет кор мекунад ва он "кушанда" - и WhatsApp-у Viber мебошад. Албатта ин хабар барои ҳама корбарон ҷолиб аст, аммо ғайричашмдошт ва боварнакарданист. Аз ин сабаб мо тасмим гирифтем хабарро тафтиш кунем ва ҳақиқати онро маълум созем.
Таҳлили мо нишон дод, ки дар ҳақиқат мессенҷери Google – «Android Messages» ё «Сообщения» бе интернет кор мекунад, аммо на дар ҳама кишварҳо ва ширкаҳои мобилӣ.
Тафсилоти таҳлилро инҷо хонед:
Дар хабари сомонаи akket.com аз 17 июл гуфта мешавад, ки то имрӯз ягон мессенҷер қобилияти кор кардан бе интернетро надорад, аммо интернет на ҳамеша вақти сафарҳо дастрас аст ё дар баъзе кишварҳо дастнорасу гарон аст.
“Агар то ба наздикӣ ин ҳамаро таҳаммул кардан лозим мешуд, ҳоло ба ин ҳеҷ эҳтиёҷе нест. Гап дар он аст, ки Google тасмим гирифт, мессенҷери навашро роҳандозӣ кунад. Бартарияти асосии он ин аст, ки бидуни дастрасӣ ба шабакаи глобалӣ кор мекунад, яъне ба ибораи дигар, шумо метавонед бе сарф кардани маблағ амалҳои гуногунро иҷро кунед”.
Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои гуногун нишон дод, ки дар ҳақиқат ин мессенҷер бо чунин имконият вуҷуд дорад, аммо нав набуда соли 2014 фаъол шудааст. Ин барнома бе дастрасӣ ба интернет танҳо дар ширкатҳои мобилие кор мекунад, ки имкони фарогирии протоколи RCS – ро доранд.
RCS ё Rich Communications Services (Хадамоти коммуникатсионии бой) як протоколи нави онлайнӣ аст, ки соли 2008 аз ҷониби Ассотсиатсияи GSM ба ивази стандарти ҷории паёмнависии SMS (Short Message Service) қабул карда шудааст. Ин пртокол имконоти паёмнависии мултимедиявиро фароҳам меорад. Илова ба паёмҳои матнӣ бо ёрии ин протокол шумо метавонед GIF, аксҳо ва видеоҳои баландсифат осон ба истифодаи интернет ба дӯстонатон фиристед.
Мувофиқи иттилои Ассотсиатсияи GSM, алҳол ин хизматрасонӣ дар 90 ширкати мобилии дунё (аксаран Амрикову Аврупо) дастрас буда, шумораи муштариёне, ки ба ин протокол дастрасӣ доранд бештар аз 400 млн. аст. Аз кишварҳои ба мо наздик аз Федератсияи Русия ширкати мобилии МТС бо доштани протоколи RCS ба рӯйхати GSM дохил шудааст.
Албатта Google тасмим дорад ҳарчи бештар ширкатҳои мобилиро ба ин протокол пайваст намояд, то мушкили дастарасии корбарон ба интернет то ҷое осон гардад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста