Сарраёсати агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) 2 адад нақлиёте, ки махсус барои истифода дар амалиётҳои интиқоли ҷасад дар Туркия сохта шудаанд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки хайриявӣ дастрас намуд.

Як адад аз ин нақлиётҳо ба Раёсати тандурустии шаҳрдории Душанбе ҷиҳати истифода дар амалиётҳои интиқоли ҷасад дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва нақлиёти дуюм бо мақсади истифода дар амалиётҳои интиқоли ҷасад дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда, ки ба таври мақсаднок барои чораҳои интиқоли ҷасад сохта шуда, дар давлати Туркия ба таври васеъ истифода мешавад, амалисозии лоиҳаи мазкур тавассути мубодилаи ин таҷриба барои баланд бардоштани сифати чунин хизматрасонии хадамотҳои муқарраргардидаи соҳаи тандурустии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар равона карда шудааст.

Азбаски айни замон дар Тоҷикистон бо сабаби мавҷуд набудани нақлиёти махсус барои интиқоли ҷасад чораҳои зарурӣ дар ин самт дар шароитҳои мутобиқкунонидашуда анҷом дода шуда истодаанд, ин омил мушкилотҳоро барои таъмини шароитҳои мусоид эҷод менамояд.

Дар бисёр ҳолатҳо барои интиқоли ҷасад нақлиёти «ёрии таъҷилии тиббӣ» истифода мешавад, ки ин вазъ метавонад ба хизматрасониҳои тиббии тавассути нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ расонидашуда халал расонад. Амалисозии ин лоиҳа то як қадре барои ҳаллу фасли мушкилоти мазкур равона карда шудааст.

Дар нақлиётҳое, ки дар Туркия истеҳсол гардидаанд, ҳамзамон метавон 4 ҷасадро интиқол дод. Азбаски дохили он қисме, ки барои гузоштани ҷасадҳо пешбинӣ шудаанд, сард нигоҳ дошта мешавад, барои интиқоли ҷасадҳо ба масофаи дур мутобиқ карда шудааст. Ҳамзамон ин намуди нақлиётҳо дорои ду кабина буда, имконияти ҳамроҳӣ намудани хешовандони наздики шахси фавтида низ тавассути нақлиёти мазкур фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими қабулу супоридан, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид, вазир Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти ТИКА ва намояндаи шаҳрдории Душанбе сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода иштирок карданд.

1/4

Дар рафти маросим Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суханронии худ аз лоиҳаи амалигардида изҳори қаноатмандӣ ва ба ТИКА барои дастгирӣ изҳори сипос намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.