Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷоизаи профессор Асадулло Саъдуллоев, яке аз муҳаққиқони варзидаи рӯзноманигории тоҷикро дар бахши беҳтарин расонаи маҳаллӣ  таъсис дод. Дар ин бора имрӯз Зинатуллоҳ Исмоилзода раиси ин ниҳод дар ҳамоиши илмии ҷумҳурявӣ “Нақши пулитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 80-солагии профессор Асадулло Саъдулоев изҳор дошт.

Зинатуллоҳ Исмоилзода гуфт, ки ҳоло низомномаи ин Ҷоиза дар ҳоли омода шудан аст ва минбаъд ҳар сол ин ҷоиза дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба беҳтарин расонаи маҳаллӣ тақдим карда мешавад.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муҳаққиқону устодони риштаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Тоҷикистон доир ба шахсият, публитсистика ва нақши Асадулло Саъдуллоев дар таҳқиқи назарияву амалия ва таҳсилоти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз поягузорони мактаби таҳқиқот ва таҳсилоти рӯзноманигорӣ. Вай 22 сентябри соли 1940 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи миллӣ фаъолияти журналистии худро дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас рӯзномаҳои  "Маориф ва маданият" ва “Тоҷикистони советӣ” то сатҳи муовини сардабир идома додааст.

Аз соли 1981 дар риштаи  журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба устодӣ пардохта, яке аз асосгузорони факултаи журналистикаи ин Донишгоҳ буд. Муддате ҳам ин факултаро раҳбарӣ кардаанд. Ҳамчунин устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия низ буданд. Дар бахши таҳқиқи рӯзноманигорӣ ин донишманди варзида мактаби илмиеро бо номи “Анъана ва навоварӣ дар журналистикаи муосири тоҷик” поягузорӣ намуданд, ки зери раҳбарии эшон 15 нафар рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ намуданд.

Ба ҷуз ин Асадулло Саъдуллоев яке аз мунаққидони варзида, нависандаи чирадаст ва аз публитсистҳои маъруфи Тоҷикистон буд, ки дар саҳифаҳои матбуоти кишвар ҳанӯз аз замони Шӯравӣ матолиби сиёсиву иҷтимоӣ менавиштанд.

Асадулло Саъдуллоев 4-уми феврали соли 2016, дар синни 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.