Дар мактабҳои Тоҷикистон дастури нав бо номи “Маърифати энергетикӣ” ба хонандагон дарс дода мешавад. Дар ин бора дар як Муроҷиатнома вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, ки аз аҳли маорифи кишвар сарфакорӣ дар истифодаи неруи барқро хостааст, гуфта мешавад.

Эҳсон Сафарзода, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, ки ин дастур аз сӯйи ширкати “Барқи тоҷик” таҳия шудааст ва он на ҳамчун фанни асосии низоми таълими кишвар, балки ҳамчун як дарси ёрирасон дар дарсҳои кураториву тарбиявӣ дар донишгоҳҳову мактабҳои миёна тадрис мешавад.

Вазири маориф дар муроҷиатномааш, ки торнамои ин ниҳод нашр кардааст, мегӯяд, ки онро дар ҳошияи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст.  Дар муроҷиатномаи вазири маориф аз аҳли маориф хоста шудааст, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд ва инро дар донишгоҳу мактабҳо тарғиб намоянд.

Ин муроҷиатномаи вазири маориф дар ҳолест, ки дар ибтидои моҳи август Ҳукумати Тоҷикистон дар як Муроҷиатнома ба шаҳрвандони кишвар гуфта буд, ки имсол оби обанбори Норак кам шудааст ва эҳтимол дорад лимити неруи барқ ҷорӣ шавад ва аз мардум хоста буд, ки вазъи мавҷудро ба назар бигиранду ҷорӣ шудани лимитро дуруст дарк кунанд.

Ин муроҷиатнома ҳатто тавассути ширкатҳои мобилӣ низ паёмрасонӣ шуд. Аммо баъдтар ширкати “Барқи тоҷик” хабар дод, ки обанбори Норак пур шуд ва лимити неруи барқ ҷорӣ намешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.