Шомил шудани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки Арабистони Саудӣ барои адои умра ё Ҳаҷҷи умра иҷоза медиҳад ҳанӯз дақиқ нест, зеро Арабистони Саудӣ то кунун рӯйхати ин кишварҳоро нашр накардааст. Афшини Муқим, сухангйи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки танҳо баъди нашр шудани ин рӯйхат дақиқ мешавад, ки шаҳрвандони мо метавонанд умра кунанд ё не.

Ин иттилоъ дар ҳолест, ки дирӯз Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар мувофиқа бо ниҳодҳои беҳдоштии ин кишвар барои аз сар гирифтани ташкили Ҳаҷҷи умра санадеро ба тасвиб расонидааст, ки раванди иҷрои он аз чанд марҳила иборат мебошад. Тибқи ин санад, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон имкон доранд аз 1-уми ноябри имсол ин маросимро ба ҷо биоранд. Вале Кумитаи дин мегӯяд, ки танҳо баъди нашр шудани рӯйхати кишварҳое, ки иҷоза доранд, ба ташкил ва сафарбар кардани зоирин оғоз мекунад.

“Ҳоло то замоне, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи сафари умра ба Арабаистони Саудиро пайдо мекунанд, бештар аз як моҳ фурсат аст. Дар сурати шомили ин рӯйхат шудани Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ ва ширкатҳое, ки сафари умраро созмондеҳӣ мекунанд, шарту шароити сафари зоиронро муайян мекунанд. Ҳоло чизе дақиқ нашудааст. Аммо мо хеле умедворем, ки вазорати беҳдошти Саудӣ Тоҷикистонро шомили ин рӯйхат мекунад”,-мегӯяд Афшини Муқим.

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баъди нашри рӯйхати кишварҳо имкон доранд ҳамроҳ бо шаҳрвандони Арабистони Саудӣ шурӯъ аз 1-уми ноябри соли 2020 (20 ҳазор нафар умракунанда ва 60 ҳазор намозгузор дар як рӯз) то ба охир расидани хатари бемории сироятии "КОВИД-19" ин маросими барои мусалмонон муқаддасро, анҷом диҳанд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон маросими умраро адо карда буданд. Дар Тоҷикистон ба ҳамлу нақли зоирини умра ду ширкат «Расул» ва «Ормон» сару кор доранд.

Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.