Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ дастур дод, ки дар ҳамаи биноҳои истиқоматии пойтахт қуттиҳои почта гузошта шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.
Дар биноҳои баландошёна ва ҳавлиҳое, ки онҳо пештар вуҷуд доштанду сипас канда шуданд, сокинон аз ҳисоби худ қуттиҳоро мегузоранд.
Қуттиҳои почта дар биноҳои нав низ аз ҳисоби бинокорони манзилҳо гузошта шуда, бе қуттиҳои почта комиссия хонаро ба истифода қабул намекунанд.
Қуттиҳои нави почта дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр сохта мешаванд.
Ба савол дар бораи чӣ зарурат доштани онҳо, дар шаҳрдорӣ посух доданд, ки бо гузоштани қуттиҳои почта мушкили расонидани матбуоти даврӣ ба обуначиён, ки доимо аз нагирифтани газета ё рӯзномае шикоят мекунанд, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
Ғайр аз ин, шаҳрдорӣ бо ин тасмим ба масъалаи “часпонидани эълонҳои сершумор ва реклама дар дари даромадгоҳ ва деворҳо” хотима бахшиданист.
Ҳамчунин минбаъд нозирон низ расид (квитансияҳо)-и пардохти пули барқ, гармӣ, об ва дигар хизматрасониҳоро ба қуттии почта гузошта метавонанд. Ҳозир расидҳо дар қабати дар гузошта мешаванд, ки гум шуда метавонад.
Дар шаҳрдорӣ бар ин назаранд, ки қуттиҳои почта инчунин барои расонидани огоҳиномаҳо аз мақомоти андозу суд, даъватнома ба артишу маъракаи интихобот ва дигар чорабиниҳо заруранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.