Шеърҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ бори аввал бо забони олмонӣ аз ҷониби мутарҷим Александер Ҳайзер тарҷума шудаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти, Суғд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони «Дафтари ишқ» аз чоп баромад. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби «Ишқи минӯӣ» мебошад.

Гуфта мешавад, ки мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд.

“Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин васила хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд”, - омадааст дар хабар.

Китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо, шомили пешсухани директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, аз ғазалҳо ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ иборат аст.

Китоби мазкур аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳия гардида, тариқи нашриёти «Ношир» ба нашр расид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.