Рақами телефонҳои зарурӣ барои муроҷиат зимни рафтори ғайриқонунӣ дар даъват ба хизмати ҳарбӣ.

Аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Шахсони синни 18-27-сола даъват мешаванд, ки барои хизмати ҳарбӣ коршояманду барои ба таъхир гузоштани хизмат ё озод шудан аз он асос надоранд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳолатҳои маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ даъват шуданро, ки миёни мардум бо истилоҳи “облава” маъруф аст, яке аз нуқсонҳои асосии ин маърака медонанд.

Агар шумо бар ин назаред, ки зимни даъват ба хизмат бо шумо нодуруст рафтор карданд, ғайриқонунӣ даъват шудед ё ба “облава” афтодед, пас метавонед ба сохторҳои дахлдор, ки мо дар зер бо рақамҳои телефонашон овардаем, муроҷиат кунед.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.