Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон як қатор тағйироту иловаҳоро ба чанде аз қонунҳо, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда, вакилон онро дастгирӣ намуданд, тасдиқ кард.
Аз ҷумла, ба чанде аз қонунҳои марбут ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бар асоси он ба кормандони ин мақомот ҷиҳати равуои бепул дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми адои хизмат иҷоза дода мешавад, тағйироту илова ворид шуд.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим қайд кард, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ ва бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз чунин имтиёзҳо истифода бурда метавонанд.
Ба ақидаи қонунофарон, ҳангоми адои хизмат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ набояд аз ҳисоби худ маблағ пардохт кунанд.
Зимни истифода аз хизматрасонии таксӣ чунин имтиёз пешбинӣ нашудааст.
Вакилони парлумон инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонунҳо «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», , «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», ба Кодекси гумрук ва дигар қонуну кодексҳо маъқул шумориданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.