Алишери Муҳаммадӣ, шоир, файласуф, мутарҷим ва номзади илмҳои фалсафа дар синни 43-солагӣ бар асари бемории қалб даргузашт.

Гуфта мешавад маросими ҷаноза ва видоъ бо Алишери Муҳаммадӣ дар маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе, дар  кӯчаи Гулкорони гузари Сабзикор соати 14.00 баргузор мегардад.

Алишери Муҳаммадӣ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки вақтҳои охир ба унвони муҳаррир дар Энсиклопедияи миллии тоҷик кор мекард.

Алишери Муҳаммадӣ аз донишмандони насли нави Тоҷкистон дониста мешуд, ки узвияти Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро ҳам дошт. 

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба наздикону пайвандони марҳум дар ин мусибати ҷонгудоз сабру шикебойӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.