Дар Тоҷикистон пагоҳ, 19 ноябр дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришот бошиддат ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол аз самти шимолу-ғарб бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пайдо шудани қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои манбаъ, шаби 19 ноябр ба 20 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ то 5-100 хунук, дар вилояти Суғд то 8-130 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 12-170 хунук мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки рӯзҳои 19-21 ноябр дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.