Шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дастур додааст, ки чароғҳои рӯшноидиҳандаи шабонаи кӯчаҳо хомӯш ва тоблуи рекламавии мағозаву қаҳвахонаҳо, ки бо барқ фаъол аст, танзим шавад. Дар пайи ин дастур се шаб аст, ки нуқтаҳои равшанидиҳандаи ҳамаи кӯчаҳо, ба ҷузъ кӯчаи асосии Исмоили Сомонӣ дар Хуҷанд хомӯш мегардад. Мақомот мегӯяд, ин кор ба хотири сарфаи нерӯи барқ роҳандозӣ шуд.

Сардори қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ хоҷагии манзилию коммуналии Хуҷанд Абдуазиз Норхӯҷаев ба “Азия-Плюс” гуфт онҳо дар пайи дастури Фирдавс Шарифзода шабона беш аз 9 ҳазор нуқтаи равшанидиҳии шаҳрро хомӯш мекунанд. Ӯ гуфт, ба ҷузъ кӯчаи асосии шаҳр, дар дигар кӯчаҳо нӯқтаҳои равшанидиҳандаро соатҳои муайян хомӯш мекунанд.

“Баъди дастури раиси шаҳри Хуҷанд мо се шаб аст, ки равшанидиҳакҳои кӯчаҳоро аз соати 00:00-и шаб то 06:00-и саҳарӣ хомӯш карда истодаем. Аммо рӯбандаҳо, ки ба тоза кардани кӯчаҳо мебароянд, мо аз соати 06:00 то 07:15 дақиқаи саҳарӣ кӯчаҳоро равшан ва боз нуқтаҳои нурро (светоточка)-ро хомӯш мекунем. Шабона кӯчаҳоро ба пуррагӣ равшан кунем, исрофкории барқ аст”.

Ин масъули қитъаи чароғонкунӣ гуфт, моҳҳои ноябр-декабр танҳо барои нуқтаҳои равшанидиҳии кӯчаҳои Хуҷанд тақрибан 100 ҳазор кВт соат барқ масраф шудааст, ки дар фасли зимистон бинобар дароз будани шаб он боз зиёд мегардад.

Аз Шабакаҳои барқии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ситоди шаҳрӣ созмон ёфтааст ва ҳамакнун ба ҷузъ нуқтаҳои равшанидиҳии кӯчаҳо, тоблуи рекламавии мағозаву қаҳвахонаҳо низ танзим мешавад. Насрулло Усмонов, сардори шӯъбаи назорат ва корбарии ин шабака мегӯяд, ба масъулини мағозаву қаҳвахонаҳо ва бозорҳо тавсия дода мешавад, баъди анҷоми соати корӣ шабона тоблуи рекламавии худро хомӯш кунанд. Ӯ гуфт, рӯзи 10-уми декабр дар назди Шӯъбаи корҳои дохилӣ ситод созмон ёфт ва ҳамакнун санҷишҳои пайвастаро дар шаҳр анҷом медиҳанд, то аз исрофкории барқ ҷилавгирӣ кунанд.

“Соҳибони бозору мағозаҳо, қаҳвахонаҳо рӯзонаву шабона низ тоблуи рекламавии худро ба хотири намоён шудан фаъол мекунанд. Ин албатта исрофкорӣ аст ва бояд баъди анҷоми соати корӣ шабона хомӯш кунанд. Ё ин ки ҷойҳое, ки маъмурият менишинад, дар чаҳор атрофаш обгармкунаку дигар дастгоҳҳои барқӣ дорад, ки акнун бояд танзим шавад. Барои ба исрофкории барқ роҳ надодан маҷбур ба ҳамин хулоса омаданд”,-гуфт ӯ

“Ба ҷойи барқ ангишту ҳезум истифода кунанд”

Дар пайи як дастури дигари шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, сокиноне, ки дар хонаҳои заминӣ ё ҳавлӣ ба сар мебаранд, бояд ба роҳи ҷойгузини (алтернативӣ) гарм кардани хонаҳояшон рӯй оранд. Маъмур Юсуфзод, сухангӯйи шаҳрдорӣ бо тайиди ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт ин дастур дар як ҷаласаи умумии мақомот ба масъулин дода шуд, то бо сокинон дар маҳалҳо фаҳмонанд. Вай гуфт, сокиноне, ки дар хонаҳои заминӣ зиндагӣ мекунанд, бояд бо ангишту ҳезум хонаро гарм кунанду хӯрок пазанд, на бо дастгоҳҳои барқӣ. “Раиси шаҳр дастур дод, ки ҳатман роҳҳои алтернативиро бошандагони хонаҳои заминӣ истифода баранд”, - гуфт сухангӯйи раиси Хуҷанд. 

Дастури шаҳрдори Хуҷанд дар ҳоле дода шуд, ки бино ба гуфти сокинон, барқ ягона манбаъи гарм кардани хонаҳояшон аст ва солҳост, ки аз роҳи алтернативӣ даст кашидаанд. Аммо масъулини шабакаҳои барқ мегӯянд, дар сурати сарфаҷӯёна истифода набурдани барқ, талабот ба нерӯи барқ афзуда, то ҷое дар кори дастгоҳҳои барқтаъминкунии Хуҷанд мушкил пеш меорад. Зеро бино ба гуфти мутахассисон, ҳисобкунаки барқии насбшуда дар дохил хомӯшкунак дорад ва дар сурати аз меъёр зиёд истифодаи барқ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад.

Бо дастури ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд, ки онро РКД назорат мекунад. Гуфта мешавад гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон месанҷад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.