Рӯзҳо охир тариқи WhatsApp пайвандҳое паҳн мешаванд, ки бо тӯҳфаҳои дурӯғин корбарони интернетро фиреб мекунанд.
Қариб аз аввали моҳи декабр миёни корбарони мессенҷери WhatsApp ду пайванди шубҳаовар паҳн мешаванд. Мо онҳоро санҷидем ва маълум шуд, ки фиребе беш нестанд ва чунин сомонаҳо хело бисёранд.
Сомонаи аввал “РОЖДЕСТВЕНСКИЙ ПОДАРОК” ва сомонаи дуввум “НОВОГОДНИЙ ПОДАРОК” ном дорад. Ҳангоми ба сомонаи аввал ворид шудан менависанд: “Иштирок дар бозии расмӣ. Зиёда аз 100 адад таҷҳизоти компютерӣ ва мобилӣ, инчунин 50 мукофоти пулӣ аз 50 то 5000 доллари ИМА"
Дар сомонаи аввал навишта шудааст: “Дар пурсиши фаврии мо ширкат варзед ва тӯҳфаи дӯстдоштаи худро барои ин Мавлуди Исо ба даст оред!”. Дар сомонаи дуввум: “Аз назарсанҷии фаврии мо гузаред ва Huawei ба шумо тӯҳфаҳои солинавии ройгон тақдим мекунад!”
Баъди 2-3 савол шуморо ба кшодани қутичаҳо даъват мекунанд ва 3 имконият медиҳанд: "Танҳо лозим аст, ки сандуқи дурусти тӯҳфаҳоро кушоед. Шумо 3 кӯшиш доред, барори кор!"
Талаб карда мешавад, ки пайвандро бо шумораи бисёри дӯстонатон тақсим кунед.
Баъд, шумо қуттиҳоро интихоб мекунед ва ба таври тасодуфӣ аз қуттӣ доллар мекашед! Аммо барои ба даст овардан аз шумо маблағ талаб мекунанд. Баъзан менависанд, ки амалиёт бо доллари ИМА номуваффақ шуд, аммо метавонед онро бо рубл гиред ва барои мубодила 208 рубл талаб мекунанд. Баъзан баҳонаҳои дигарро пеш меоранд ва маблағҳои гуногун талаб мекунанд, баъзан фиристодани смс-ро талаб мекунанд, аммо бо пардохти он низ шумо хеч гоҳ бурд нахоҳед кард. Зеро мақсади қаллобон ба даст овардани ҳамон пули шумо аст. Тасаввур кунед онҳо дар як рӯз чанд нафарро фиреб мекунанд ва дар умум чӣ қадар маблағ ба даст меоранд.
Эҳтиёт, ФИРЕБ! Фирефтаи чунин сомонаҳо нашавед, касе ба шумо бесабаб тӯҳфа намедиҳад!
Таҳлилҳои мо нишон доданд, ки чунин сомонаҳо хело бисёр буда, бо баҳонаю бозию туҳфаҳои дигар мардумро фиреб медиҳанд. Дар поён рӯйхати 50 сомонаҳои ба ин монандро пешниҳод мекунем:
https://www.whatsapp14.xyz/ins (ҷойи рақами 14 метавонанд дигар рақамҳо бошанд)
https://www.rozidooth.xyz/insta_h846
https://www.zypycye8ui.xyz/insta_h846
https://www.cujasau.xyz/game2_e7610
https://www.yzra.cn/app/huawei/ru.html?v=2#
https://www.sf168.com.cn/tiaoban.php?app=huawei
http://mawexie4n.xyz/game_c20282/
http://kigylio1l.xyz/game_h648/
https://ldwhatsapp-free23.xyz/
http://rus-insta.top/boxes/
http://whatsapp20.xyz/j/ins
https://3powexuo8.xyz/game2_e7610/
https://ldwhatsapp-free23.xyz/
https://redashkandi.ru/
https://arendacpu-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://opencash.xyz/
https://rezervperevod-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://youarelucky777.icu/ape2
https://eledeka.xyz/monciv_7/
http://2020megaloto.site/
https://cookies-pro.buzz/cookape1
http://whatsapp14.xyz/ins/#
https://trophy-day.buzz/
http://whatsapp16.xyz/j/ins
https://bc.a529prhf.xyz/
https://trophy-day.buzz/
http://0xonabui5.xyz/obank_e7830/
https://gorozay9h.xyz/game_h648/
https://as-paycity.top/
https://onlbazar.xyz/
https://trophy-day.buzz/instaprize/
https://bc.a529prhf.xyz/
https://eck-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://gameinst-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://wintriumph.buzz/ben2/
https://rezervperevod-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://ftsbank-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://bestemail-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://rusloto-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://fnc-xeq7f2.aahlg.xyz/#
https://vulkancasino2-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://okcms-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://uniqnumber-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://pensionvozvrat-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://russkoeloto2-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://eck-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://gameinst-xeq7f2.aahlg.xyz/
https://thisvkhope.xyz/fortune/main.html
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста