Сарфи назар аз эълони реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимити он дар кишвар аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” шурӯъ аз 5 январ, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе мунтазам бо барқ таъмин шуда истодаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Ба гуфтаи манбаъ, реҷаи маҳдуди чанде қабл ҷоришудаи истифодаи барқ ҳатто ба биноҳои якошёнаи пойтахт дахл накард, ҳарчанд дар онҳо метавон аз бухорӣ бо истифодаи ҳезуму ангишт истифода кард.
Қаблан зикр гардида буд, ки лимити барқ танҳо ба манотиқи деҳот, ки дар он биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, дахл мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯйии як манбаи “Азия-Плюс” дар бахши энергетикаи ҳукумати Тоҷикистон, агар минбаъд низ вазъи пуршавии обанбори неругоҳи “Норак” аз ин ҳам бадтар шавад, метавон шадидтар гардидани лимити дирӯз ҷоришударо, ҳатто дар Душанбе низ интизорӣ дошт.
“Лекин дар ин бора сухан гуфтан алҳол барвақт аст”, - қайд кард манбаъ.
Дар шаҳрдории Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба истифодаи сарфакоронаи барқ даъват намуданд.
Қобили зикр аст, ки имсол камбуди барқ ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кард, ки барои истифодаи сарфакоронаи он аз ҳисоби ниҳодҳои давлатӣ Ситоди вижа таъсис бидиҳад ва ин ниҳод ба санҷиши истифодаи дурусти барқ дар кишвар масъул шуд.
Шаҳрдории Душанбе аз фаъолони ҷомеа ва аъзои ситоди дар боло зикршуда даъват мекунад, ки дар ин ҳолат корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ ва ошкор кардани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ пурзӯр намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.