Тоҷикистон бо Русия бар сари парвозҳои чартерии моҳи январи 2021 ба мувофиқа расидааст, гуфт директори Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба "Азия-Плюс". Бар асоси ин тавофуқ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон 130 парвози чартери анҷом хоҳад шуд.
"Парвозҳои чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия мисли пештара давом мекунад. То охири моҳи январ ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳрҳои гуногуни Русия бештар аз 130 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод. Мисли пешин дар як рӯз аз 4 то 6 парвоз хоҳад буд. Ҳамарӯза аз Маскав ба Душанбе 3 парвози чартерӣ ва боқимонда аз шаҳрҳои дигари Русия хоҳанд буд",-гуфт Субҳонзода.
Мусофирин ба тартиби пешин ҳангоми бозгашт ба Ватан бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, дошта бошанд. Барои кӯдакони то 3-сола доштани ин маълумотнома лозим нест.
Билетро аз куҷо бояд харид?
Дар миёнаҳои моҳи ноябр билетҳои парвозҳои чартерӣ дар фурӯши озод гузошта шуданд, то ин вақт билетҳоро тавассути Сафорати Тоҷикистон дар Русия мешуд дастрас кард. Он заон гуфта мешуд, ки билетҳои чартерӣ бо нархи 395 евро фурӯхта мешаванд.
Парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Нововсибирск, Сургут сурат мегиранд. Билетҳо дар нуқтаҳои расмӣ дар ин шаҳрҳои Русия фурӯхта мешаванд:
Маскав - Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово, хазинаи №88 ва №40, тел: 89295994541
Маскав, кӯч. 2-юми Тверу-Ямск, хонаи 40/3, бино 1, меҳмонхонаи «Тоҷикистон», тел: 89264550055
Вилояти Маскав, навоҳии шаҳрииДомодедово, 40 км А-105, бинои 3, меҳмонхонаи «Ибис», тел. 8 4956400451
Санкт-Петербург – Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886
Санкт-Петербург - Хиёбони Маскав, литер А, бино 7, ҳ. 40Н, тел: 89775205886
Новосибирск - Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево) тел: 891611335998, 89035120420
Екатеринбург – кӯч. Техническая, бинои 35. Тел: 89175681253
Красноярск - Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск. Тел: 89161133599, 89035120420;
Иркутск - шаҳри Ангарск, микрорайони 11, бинои 19, офис № 4, тел: 89161133599, 89035120420;
Қазон - Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420
Уфа - Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420
Сургут – к. Георгий Кукуевитский, 15/1 тел: 89035120420
Краснодар - Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста